Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Мехоҳӣ ба ин ҷо омада кор кунӣ? — Бобокалонов ба раиси ҳамонвақти колхоз Орифҷон саркор фармуд: — Ба ин бача як майдон диҳед, модару укоҳояшро кӯчонда биёрад. Як газетаи чопӣ ташкил карда медиҳем. Хуб?

Худи ҳамон шаб правленияи колхоз шуд ва маро ба аъзогӣ қабул ва котиби колхоз таъин карданд. Баъди якчанд вақт бо қарори партия газетии бисёртиражи «Ғалаба» — органи комитети партиявӣ ва правленияи колхоз ташкил ёфт, ки барорандааш ман будам. Шояд соли ё сиючор ё сиюпанҷ бошад, Бобокалонов ба Ленинобод омаду дар кадом маҷлисе аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки дар шаҳр барои хонандагони рус газета ташкил карда шавад. Ӯ ин масъаларо ба назди Комитети Марказии партия мегузорад ва газетаи аввалини русӣ дар Хуҷанд «Рабочий Ходжента» ташкил мегар-дад.

Ман Бобокалоновро волаи илми хушахлоқӣ хондам, ин сабаб дорад. Одами аз ҷиҳати ахлоқ мисли булӯр соф Бобокалонов аз коркунони идора, аз ҳар колхозчӣ ҳам ҳаминро талаб мекард.

ЯК рӯз ману Бобокалонов аз кӯчабоғе мерафтем, ки аз ҳамгашт погоҳ як ҷавони ҳаракӣ пайдо шуд ва раисро диду аз ҳар худро партофту тозон сар-сари замин гурехт.

— Як рӯз не, як рӯз ба дастам меафтӣ! — бонг зад аз қафои вай Бобокалонов.

— Вай кӣ? Чаро аз шумо гурехт? — пурсидам ман.

— Чанд рӯз пеш аз боғ ҳамин тавр бароям, ин гандахиштаки муттаҳам сари роҳи як занро гирифта, аз ман бехабар ба вай хушомад зада истодааст. Маро дида монду гурехт. Фаҳмидам, ки зан-зани фронтчӣ. Шавҳараш дар фронт. Ин муттаҳами зану бачадор шайтон шуда вайро аз роҳ баровардани. Бегоҳӣ худашу падарашро ба правления чеғ задам. Худаш нею падараш омад. Гуфтам, ки ин дафъа риши сафеди шуморо ҳурмат мекунаму аммо дафъаи оянда бинам ё шунавам, ки ба зану духтарон писаратон чашм ало мекунад, ҳамаатонро аз колхоз мебарорам, кӯчонда мефиристонам. Ба куҷо, ки рафта арз кунед, кунед. Ман намемонам, ки ба ягон зан ё духтари касе ягон бадахлоке қаҷназарӣ кунад. Падараш замин накафид, ки дарояд. Рафта писари зану бачадорро муддаои

пешина
аз 447
навбатӣ