Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
нарасида мопдем. Ҳар кор кунему ёрӣ диҳем, ки фарзандонамон расанд. Илм машъали роҳи ҳаёт гуфтаанд.
Бобокалонов ба даҳҳо фарзандони колхоз мадад намуд, ки ба мактабҳои олӣ дохил шаванд, таҳсилро давом диҳанд ва хатм кунанд. Номзади фанҳои хоҷагии қишлоқ, мудири кафедраи агрономияи институти хоҷагии қишлоқ Нуриддин Муҳиддинов, ҷонишини Раиси Совети Вазирони республика, Раиси Госплан, писари боғбон Маҳкамов — Қаҳҳор Маҳкамов аз ҷумлаи онҳоанд.
Масъалаи гандум ҳал нашуда намонад. Баъди як ҳафта рӯзе Бобокалонов ба шӯъбаи Ленинободии иттифоқи нависандагон омад. Ба ману Ҳоҷӣ Содиқ квитансияи чор тонна гандумро бароварда нишон дод, ки ба хонаи кӯрон ва куҳансолон бурда тақдим кардааст.
— Ба газетаи шуданӣ ман ҳам аз як ҷиҳат Бобокалонов сабаб шуд, — гуфт Ҳоҷӣ Содиқ, баъди рафтани ӯ. Техникуми мусиқии Ленинобод дар вақташ шефи колхози «Коминтерн» буд. Ҳофизи халқии республика Урунбой Дадобоев дар он ҷо мехонд ва ба сифати тамомкунандагони аввалин вай ба колхоз омада, дастаи муғанниён ташкил кард. Ман ҳам, ки дар техникум мехондам, бо Урунбой рафиқӣ доштам. Дар вақтҳои холӣ аз дарс бо ӯ омада, дар дастаи вай най менавохтам ва дар бобати баровардани газетаи девории «Шӯълаи колхоз» мадад мерасондам. Газетаи деворӣ дар выставкаи Рӯзи матбуот ҷои якумро ишғол намуду ба колхоз дусад дона китоб ва ба ман курта мукофот доданд. Ҳамин дусад нусха китоб рафта-рафта асоси китобхонаи колхоз шуд, ки ҳазорон номгӯй китоб дошт. Охири соли сиюсеюм буд, ки Бобокалонов ба колхоз омад. Ӯ он вақт муовини раиси ҚИМ буд. Китобхонаро дида, хушвақт мешаваду ба ин муносибат ба ӯ нақли газетаи девориро мекунанд. Ман он рӯз ба шодии омадани Бобокалонов дар дастаи мутрибу муғанниён ҳунарнамой карда, най менавохтам, ки ба ҳузури раис хонданд.
— Писарам, ту аз куҷо? — пурсид Бобокалонов?
— Аз Конибодом, — гуфтам.
— Падару модарат ҳам ба Хуҷанд омадаанд?
— Падарам мурдагӣ. Модарам бо укаҳоям дар ҳамон ҷо.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо