Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

қоҳ ҳандид раис ва чашмони танғаш тамоми пӯшида шуданд.
Раис тасмаи ғафси аз рӯи китель бастаашро кушода, ба паҳлӯ ниҳод ва гиребонро то охир во намуда, ба сандуқи дил шамол доду ин дам рӯ ба ҷониби дари кӯча карда гуфт:
— Биё, писарам.
Мо ба он тараф нигариста, ҷавони тақрибан ҳафтдаҳ-ҳаждаҳсолаи ба кӯҳистониён монандро дидем. Аз дили ман гузашт, ки ё аз Мастҷоҳ ва ё аз ҷануби диёри мост.
— Амакҳоят қатӣ шинос шав, — муаррифӣ намуд Бобокалонов,— Вай писари мантупази номӣ, боғбони киромӣ Маҳкамбойакои мо. Писари боғайрат баромад.
Шин. Техникуми кӯҳиро аъло тамом карда омад. Акнун, писарам, ту дар куҷо хондаӣ? Ба институти кӯҳӣ меравӣ? Гапзанон кардан даркор бошад, худам мекунам.

— Дадом нимчурук шуда истодаам, хонданат бас, ба зиндагӣ дастёрӣ деҳ мегӯянд,— гуфт ӯ ғамгинона.
— Ин номаъкулию халос! — гуфт Бобокалонов. — Ҳоҷӣ Маҳкамбой, ин ҷо биёед.
Боғбон аз сари оташдон бархоста, омада ба паҳлӯи раис нишаст. Ӯ ба китфи вай даст гузошт.
— Маҳкамбой, ба ман нигаред, чӣ тавр дилатон мешавад, ки писари аълохонро аз хондан монондед?
Ишқи бача ба хондану ёд гирифтани кӯҳканӣ калон.
Зомин нашавед. Агар шумо пул фиристода натавонед, ман мефиристам.
— Чор тонн гандум дар анбор намепӯсаду ба шумо медиҳанд, фурӯхта-фурӯхта ба писар фиристодан мегиред, — гап газондам ман ба сухан ҳамроҳ шуда.
— Не, ба гандумфурӯшӣ ҳам овора нашаванд. Ҳар моҳ худам бетарк пул мефиристам. Хон, писарам. Дадоят ҷон намегӯянд, аз хонадонашон, аз колхози мо инженери кӯҳкову маъданёв мебарояду ноз мекунем? Ҳамин тавр не, Маҳкамако?
— Хайр, шумо хонон гӯед, чӣ ҳам мегуфтам, — ноилоҷ Маҳкамбой розӣ шуд.
— Раис, аз колхозатон дар институтҳо ҳозир чанд кас мехонанд? — Савол дод Рустамов.
— Писари Маҳкамакоро ҳам зам кунем, ҳозир ба чил нафар мерасад. Ба ин мурод, муроди хондан худамон

пешина
аз 447
навбатӣ