Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

мерафтем. Манту хӯрда, тобистон бошад, дар лаби ҳавз, дар сояю салқинӣ, зимистон бошад, дар хонаи ҳамеша гармакак истироҳат намуда, бармегаштем. Ин дафъа ҳам ҳамин тавр гӯшт харида рафтем, ки раис нест. Вале Маҳкамако моро пешвоз гирифт. Рӯз-рӯзи тобистон.

Шаҳр чунон гарм буд, ки дар мошини чор тарафаи кушоди «Победа» то аз вай баромадан, чун дар сугурдон сӯхтам. Бӯи хоки гарму тафсони кӯча, бӯи кулӯхдеворҳои сӯзон дами одамро мегардонд. Вале ҳамин, ки аз сои Хоҷабоқирғон гузаштем, ба мошин аввал гармсел, баъд як навъ насими ҳаловатбахш даромада, беихтиёр гиребонҳомонро кушодем. Дар боғи колхоз бошад, ба қавли араб ҳозаҳу ҷаннаталпойҷомаҳоро пӯшида дар болои кӯрпачаҳо дароз кашида будем, ки аз дар ғавғо бардошта Бобокалонов даромада омад.

— Маҳкамбойако, инҳо боз гӯшт бардошта омаданд?

— Гӯшт оварданд, раис. Гӯштро майдаю хамирро
тайёр карда мондам.

— Ин одамҳо Бобокалоновро тоза бечораю бенаво гумон мекунанд, аз афташ, ки ҳар бор гӯшт бардошта меоянд. О, ман бечора не. Дар анбори колхоз чор тонча гандуми худам истодааст, намедонам, ки чӣ кунам?

— Чор тонна? Ягон тоннаашро ба ҳавлии мо фиристонед. Нону ошҳои ордӣ карда хӯрда, бо бачаю каччаҳо дар ҳаққатон дуо мекунам, ки давлати шумо аз ин ҳам зиёдтар шавад, — ҳазл намуд Хоҷӣ Содиқ бархоста, ба асояш такя намуда.

— Ту ланги паланг аввал гонорарҳои аз газетаю журналҳо гирифтагипатро хӯрда тамом кун, — гуфт Бобокалонов. — Адо шуда монаду ушкуфой кашӣ, ҳар чӣ хоҳӣ, аз хонаи худам ёфт мешавад.

Мо ба пешвози ӯ бархоста, мехостем, ки аз суфа фуроем, пиле дуд омада боз ба гила даромад.

— Ин чӣ гап? Неъмат шунида монад, чӣ мегӯяд?
Ба худо, агар вай шунавад, ки меҳмонҳои ман гӯшт оварда, манту хӯрда мераванд, ба тамоми район овоза мекунад. Ҳиммати вай аз ҳисоби колхоз олӣ, — қоҳ-

1 Ин ҷо ҷаннат аст.
2 Яке аз раисони онвақтаи колхозе.

пешина
аз 447
навбатӣ