Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Лекин фурсате нагузашта фаҳмид, ки иштибоҳ кардааст. Ӯ ба ҳар саволи худ ҷавоби муфассал мегирифт. Дар ин дафтарчаи майда як ҷаҳон гап иҷмолан ҷойгир буд. Ҳосили қариб даҳсолаи колхоз, бригада, звеноҳо, пахта, ғалла, боғу майдон, сабзавот, чорводорӣ, ҳамаи намудҳои он, паррандапарварӣ, мактаб, шумораи хонандагони вай, онҳое ки аз колхоз ба таҳсили мактабҳои олӣ рафтаанд, дар кадом курсанд, чӣ ихтисосро азхуд мекунанд; зиёд шудани шумораи занон дар истеҳсолоти колхоз, ниҳоят дар кадом соли ин даҳ сол дар миқёси колхоз чанд нафар ҷавонон хонадор шудаанд.
— Дафтари хотира не, китоби тиллисм, — бо ҳазл гуфтам ба раис ҳарчанд медонистам, ки ин дафтар мисли нурномаи ҳамвора ба гардан овезон, тобистону зимистон дар қисаи ӯ буд.
Ман боре ин дафтарро аз дасти ӯ гирифта дидам. Рақамҳо бо хатти ниҳоят майда ба саҳифаҳо сабт шуда буданд.
— Ман майда навишта наметавонам. Агар худам нависам, даробарои яксола ба ин дафтар намегунҷанд. Қотибаи мо хушхат. Ба вай мегӯям, мегузаронад. Ана ин нақши пои мурғ хати ман аст, — гуфт ӯ ва дар ду саҳифа ному номи падарӣ чордаҳ нафар бо калимаҳои ихтисор навишта шуда буданд. — Инҳо студентҳои мактабҳои олианд, ки аз колхози мо рафтаанд. Ҳар дафъа, ки ба сессияи Совети Олӣ меравам, ҳалтаҳои падару модарони панҷ нафар студенти дар Москва хонда истодагӣ ва дастовези худамро ҳам мебарам. Дар зимистон ноку биҳӣ, ангуру себи тару тоза дар Москва ин як тааҷҷуб. Бачаҳо хурсанд мешаванд. Андак-андак ба онҳо пул ҳам медиҳам. Лекин аз пул дида насиҳат зиёд.
Бобокалонов волаи хонондан ва хушахлоқӣ буд.
Рӯзе ману муҳаррири газетаи «Ҳақиқати Ленинобод» нависанда Ҳоҷӣ Содиқ ва муовини раиси комиҷроияи вилоят Ҳотам Рустамов дар боғи колхоз меҳмони Бобокалонов будем. Дар ин боғ Маҳкамбойако ном боғбоне дар мантупазӣ беҳамто буд. Ӯ ҷилди мантуро чандон тунук мекард, ки пиёзу гӯшти даруни вай чун аз паси шиша намудор буданд. Гоҳо вақте ки хумори мантуи Маҳкамако мегирифт, аз бозор гӯшт мехаридему раис Бобокалонов хоҳ бошад, хоҳ не, ба он ҷо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо