Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ин хонаи шумост? — дар ҳақиқат бо тааҷҷуб пурсид меҳмон. — Ё чӣ тавр ки мегӯед, ин меҳмонхонаи шумо?

— Зан дар меҳмонхона намешавад, меҳмони иззатманд. — ширингӯй кард Бобокалонов бо зани худ ӯро шиносонда ва аз хонаи на пӯсту палос ва на чизу чорааш қобили таваҷҷӯҳ апдак ҳичил шуда. — Маъзурам, ки хонаи нав ҳам насохтаам. Чизу чора ҳам накардаам. Ҳар он чӣ дар солҳои пеш аз ҷанг оқибандоз карда будем, ба фонди мудофиаи мамлакат додам. Гуфта монам, ки колхози мо ба фронт дар ин бобат ҳам мадади калон расонд. Лекин, меҳмони азиз, ман дар хонаам ду чизи бебаҳо дорам, ки ҳар кас надорад. Ӯ ба девор нигарист. Дар он паҳлу ба паҳлу дар як чорчӯба ду расм меистод. Расми В. И. Ленин ва И. В. Сталин — ин расмро ба ман Михаил Иванович Калинин ва пири рафиқ Сталин дар «рӯзи тиллоии халқи тоҷик» тақдим кардаанд. Рост мегӯям, ки чунин чизи ба дил наздикро на ҳар кас дорад. Ҳамин тавр нест?

Меҳмони кунҷкови мо суратҳоро аз чорчӯба гирифта ва тақдимҳоро ба чашми худ молида:

— Оре, дар хона доштани чунин тӯҳфаҳои пурбаҳоро кӣ орзу намекунад? — гуфт.

Маълум шуд, ки меҳмон ба сифати ҳамовозӣ ба қарори Совети Вазирони СССР ва КМ ВКП(б) «Дар бораи равиши тайёрии колхозҳо, МТС ва совхозҳо ба кишти баҳорӣ», ки дар он дар соҳаи зироаткорӣ, баланд бардоштани ҳосили зироати техникӣ, алалхусус пахта вазифаи асосӣ ҳисобида мешуд, аз номи роҳбарони колхози ба номи Сталин барои тайёр намудани мақола ба газета омадааст. Ӯ хоҳиш намуд, ки ба идора раванд ва аз бухгалтерия баъзе рақамҳо гиранд.

— Ҳар чӣ даркор бошад, аз ҳамин ҷо ёфт мешавад, — гуфт калонимон пиёлаи мурабборо ба тарафи меҳмон лағжонда, аз киса дафтари хотираи майда, вале ғафсакакро гирифт. — Гӯед, ки ба шумо чӣ даркор?

— Эҳтимол дар ин ҷо баъзе рақамҳо бошанд. Номи одамон, рӯзҳои меҳнат ва даромади онҳоро чӣ мекунем? — пурсид Павел Сергеевич, сафинаи калонро кушода қалам берун овард.

— Ҳамааш дар ҳамин ҷо ҳаст. Он чӣ нест, эҳтимол дар хотирам бошад, — ҷавоб дод Бобокалонов, вале намоён буд, ки меҳмон ба ин шубҳа мекунад.

пешина
аз 447
навбатӣ