Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

будам. Кӯрпача андозанд, ба лаби ҳавз дастархон кушоянду ҳамин нонҳоро баред, ризқи меҳмон будааст,— ба пазирой даромад зан ва ман тарҷимони ӯ шудам.— Меҳмон ба ризқаш меояд гуфтанашон бечиз не. Ҳой ойим,— ӯ ба котибаи колхоз муроҷиат намуд.— Дар токча ширинию меваҳо ҳам буд. Давида рафта гирифта бароед, гардам. Раис, гардам, меҳмон аз Москва гуфтед-мӣ? Набераяки ман Оқилҷон дар ҳамон ҷо мехонад. Дида бошанду донанд-мӣ? Институти энергетика.

Баъзеҳо хандиданд. Раис бо нигоҳаш онҳоро танбеҳ дод.

— Ҳеҷ ҷои тааҷҷуб не. Рӯ ба рӯ шуда бошанд чӣ аҷаб? Ҳоло ҳамаашро мепурсем. Оқилҷонатон аз писари калонӣ-мӣ?

Ба гулӯи пиразан гӯё чизе дармонд.

— Ҳа, писари шаҳидакам Комил. Комилака хокаш дар куҷоҳо мондагӣ. Аз ҷанг хат менавишт, ки Оқил хонад. Зинда мебуд, ба Масков рафтани писаракашро дида, чӣ қадар хурсанд мешуд! — пиразан оҳ кашида, худро ба даст гирифт:— гӯр манакак нашавам. Ба меҳмон ғаму алам гуфта шиштам. Аз рӯи суфа гузаретон, гардам. Қумгонам ҷӯшидагию чой дам мекунам.

Дар як нафас рӯи дастархон аз анвои меваҷоти тару хушк, қандҳои замони ҷангӣ, ки полякҳои ҳунарманд дар артельҳои шаҳр тайёр мекарданд, нонҳои ғафс-ғафси сангпухтаи орди омехтаи гандуму ҷуворимакка пур шуд. Меҳмон гоҳ аз ин гоҳ аз он ҳай-ҳай, бай-байкунон мегирифту мехӯрд. Баъди пазирой ӯ хонаро дид. Хона ҳарчанд фарши тахтагин надошта бошад ҳам, аз рӯи бордони ғафс, ки ба ҷои бӯрё кушодаанд, гилеми пат, ду тиреза, сақфи фанерӣ, девори регмол ва сафед кардашуда дошт. Меҳмон хеле хушнуд шуд. Бо ин ҳавлӣ хайру хуш карда баромаданду ду ҳавлии дигарро меҳмон сар-сарӣ дида баромад.

— Акнун ба хонаи ман марҳамат кунед,— хоҳиш намуд Бобокалонов ва ба ман рӯй овард.— Баъди дидани он хонаҳо ба хонаи ман будани ҳавлии мо бовар мекарда бошад-мӣ? Ба қавле, вай аз хонаи пайғамбарон мондагӣ надорад.

1 Институти энергетик гуфтани.

пешина
аз 447
навбатӣ