Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Меҳмони москвагиро мо дар правленияи колхоз пешвоз гирифтем. Ӯ ҷавонмарди қадбаланд, фатиламӯй ва фирузачашм буду аз талаффузи «о-ояш» маълум, ки аз соҳилҳои Волга. Вай Бобокалоновро шахсан надида бошад ҳам, сураташро дидааст. Аз ин рӯ, аз байни ҳафт-ҳашт нафар ӯро шинохт ва аз рӯи одобӣ ин ҷо даст ба сандуқи дил ниҳода, таъзим карда ду-се калимаи дар роҳ шояд аз шофёр ёд гирифтаашро гуфта ноҳурӣ намуд: «Раис, шумо саломат? Корҳо нағз-мӣ? Саломат бошед». Раис маро бо ӯ шиносонд. Ӯ маро носита намуда, аз раис хоҳиш кард, ки чанд ҳавлӣ ва хонаҳои колхозчиёнро бинад. Зеро ба ин тарафҳо бори аввал омадаасту дидан мехоҳад.
— Лекин интихоби ҳавлиро ба худам мемонед.
— Аввал дам мегирифтед, чой менӯшидед, — хоҳиш намуд раис.
— Мавқуф гузоштани чойро аз рӯи одат айб намешуморед? Не? Ин тавр бошад...— мад кашид меҳмон, ки худро Павел Сергеевич гӯён шиносонда буд.— Шумо роҳӣ ҳастед, ху ана ба ҳамон дар дароем ва бинем. Вай оё ҳавлиаст? Дар он ҷо колхозчӣ истиқомат мекунад? Пас рафтем.
— Аҷаб. Чӣ хел меҳмон, ки аз дидани ҳавлӣ сар мекунад, гӯё аз хориҷа омадааст,— гуфт котибаи колхоз.
Аз дари майдаи яктабақа қадашро хам намуда авпал меҳмон, баъд дигарон даромаданд. Пиразане аз танӯр нон меканд. Дар рӯи ҳавлӣ ин қадар одамонро дида, хост, ки рӯишро паноҳ кунад, раис огоҳ намуд:
— Оча, мо омадем. Писарому бародарони шумо. Ин кас аз Москва омадаги меҳмон. Рӯятонро напӯшед, айб мешавад. Нонҳоро кандан гиред, ки насӯзанд. Салом диҳед, хуш омадед гӯед, таомул ҳамин тавр.
— Эй поп-е, охир меҳмон меовардаед, раисҷон, як нафар пештар хабар намедиҳед, ки эсун усуна ҷорӯб мекардам, курнача меандохтам. Ҳама ҷо айқин-ҷайқин,— гуфт аз шармида.
Меҳмон ба саломи ӯ алек гирифта, наздаш рафту қариб буд, ки сар ба даруни танӯр дарорад. Аз гармӣ тарсида худро якбора ба қафо кашид. Аз кори худ хиҷолат кашида сурх шуд ва баробари дигарон баланд-баланд хандид.
— Гардам, раис, ба се-чор нон ҷазза ҳам андохта

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо