Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
меомаданд. Барои шунидани хабарҳои Бюрои информационии советӣ пиру ҷавон, зану мард нафас ба дарун кашида, чашм ба карнайҳои радио дӯхта начунбида меистоданд. Ҳафтае набуд, ки намояндаи комиссариати ҳарбӣ ба колхоз омада, барои ба армия фиристодан, гурӯҳи нави ҷавононро талаб накунад. Ба фронт ҳам, дар ақибгоҳ барои фронт ҳам одамон даркор буданд. Намоянда ва раис соатҳо ҳар як даъватшавандаро ҳарҷониба дида, санҷида мебаромаданд, ки аз ӯ суд дар ин ҷо калонтар аст, ё дар он ҷо.
Аз тирамоҳ сар карда, се бригада — бригадаи фронтии занон, бригадаи мӯсафедон ва бригадаи ҷавоному комсомолецҳо, ки бо сардории худи котиби ташкилот Файзӣ Пӯлодов ташкил ёфт, мусобиқаро ба авҷи аъло бароварданд. Аз субҳдам то шом мардум дар саҳро буданд.
Колхози ба номи Сталин плави панҷсолаи тараққиёти худро тартиб дода, аз муҳокима ва гудози аъзоёнаш гузаронд. Онро чун плани намунавӣ ба колхозҳои дигар тавсия мекарданд. Аз рӯи ин реҷа ҳосилнокии пахтаи мисрӣ дар охири он панҷсола мебоист аз ҳар гектар бисту шаш центнер мешуд. Вале колхоз ба ин марра дар соли сейӯми панҷсола расид ва дар охири он пахтаи америкоиро аз ҳар гектар ба чилу ҳашт ва маҳиннахро ба сию ҳаштуним расонд. Даромади пулии колхоз ба панҷ миллион сӯм расид. Агар дар аввали панҷсола ба ҳар рӯзи меҳнат чор сӯм пул ва як кило ғалла дода бошанд, дар соли чилу ҳашт ба ҳар рӯзи меҳнат ҳафтдаҳ сӯм пул, чор килограмм ғалла, ним кило қоқу мавиз ва дар вазни зинда ним кило гӯшт тақсим карданд. Ҳа, аз ёд набарояд, бригадаи фронтии занон бо сардории Хосият Бобоҷонова бисту панҷ гектар замини худро ҳашт бор каланд кардаву ҳафт бор об дода, аз ҳар гектар панҷоҳ центнерӣ пахтаи маҳиннах дод. Чунин ҳосилро дар ин гирду атроф афсус, ки акнун намегиранд...
Дар хона менишастам. Телефон занг зад.
— Ассалому алайкум. Ман Бобокалонов. Саломат ҳастед? Имшаб вақт доред? Аз Москва як меҳмон омад. Хаёлам, ки шумо ҳам бошед. Мошин мефирис-там. Аз куҷо мегӯед? Аз газетай «Социалистическое земледелие». Кабӯтар бо кабӯтар, қоз бо қоз. Аз ҳам-касбони шумо бошад, хуб мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо