Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

говрои мекарданд. Пӯсти бадани раҳмати бодиринги тухмӣ барин тӯр баста, нохунҳои дасташон устухонин барин шуда буду аз ҳама пеш роҳи саҳроро ҳамон кас мегирифтанд, — нақл намуд Мирбобо, — канӣ, раис, нон шикаста монед. Шумо, уко, ҷойро гирифта резед. Ҳой бобо, дуои ҷони моро карда шишта роҳату фароғат кунед намешавад-мӣ, гӯед, «роҳати ман ҳамин меҳнат» шабу рӯзи кор накардагиам ҳамаи аъзои баданам ба дард медарояд», мегуфтанд. Худи ман ҳам нияти ҳеҷ набусад, ягон звенои мӯсафедҳо ташкил карданро доштам. Деҳқон кам мондааст. Заминамон аз пештара кам не. Дар ҳамин рӯзҳои дармондагӣ пирон дастгирӣ накунанд, кӣ мекунад? Лекин сару бори бригадаро ба ягон одами дигар медодед, — саркор санҷишкорона ба раис нигоҳе кард.

— Не, худатон сарубар мешавед, саркор. Пир нест, тадбир нест. Зудтар дуруст шуда бароед, ки аҳволи колхозамон бад.

— Медонам, ҳоҷати гап не, — гуфт саркору гӯё ибо намуд, ки котиб мумкин аст ранҷад. — Худо хоҳаду насиб карда бошад, худи шумо, ки омадед, корҳо дуруст шуда мераванд.

Бобокалонов хайрбод гуфта аз боғ берун баромаду аз кисаи сари сина дафтар ва аз соқи мӯза қалам берун овард. Рост истода навишту ба дасти котиб дод:

— Ин адреси як духтари нағз аст. Ягон касро меёбеду ба асп ё велосипед шинонда мефиристед. Фақат соатҳои ҳашт — даҳи бегоҳӣ вай дар хонааш мешавад. Гӯяд, ки ман ба вай мунтазир. Бемор бист рӯз дар хона мехобаду бор духтур мебинад? Аслаш ба касалхона мебоист равад. Хуб, фарз кардему нарафт, ҳеҷ набусад, ҳафтае як бор аз ҳолаш хабар мегирифтанд. Аз шумо боз як илтимос. Пагоҳ дар соати ҳашт ё нӯҳи бегоҳӣ маҷлиси умумӣ даъват мекунед. Ман ҳозир ба идораи хоҷагии қишлоқ меравам. Шояд андак поруи маъданӣ рӯёнда тавонаму пӯшида, ҳамин моҳ як-ду бор каланд карда, пахтаро андак ба ифоқа оварда гирем.

Гарчанд пахтаро аз алафҳо то тавонистанд тоза ва ду бор каланди хушсифат карданду дар вақташ об доданд, лекин ҳосилоти мувофиқи табъ надод. План иҷро нашуд. Таҳкурсияш суст буд. Акнун ғами соли навро хӯрдан даркор. Аз фронт хабарҳои яке аз дигаре нохуштар мерасад. Фашистон ба остонаҳои Москва наздик

пешина
аз 447
навбатӣ