Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Кадом духтур, аз куҷо ба шумо нигоҳубин мекунаду дардатон чӣ будааст?
— Мо, аввал хато карда, доруҳои хасаки худамонро хӯрдем, — иқрор шуд Мирбобо. — Ба духтур хабар надодем. Аввал як навъ пойравон будаму сонӣ аҳволлам бад шуд. Дард пок шудани бошад, табиб ба пояш меояд, мегӯянд. Додари модари бачаҳо хонда омада духтур шудагӣ. Ба диданам омад. «Шамол задааст. Шушатои варам кардагӣ» гуфта дору навишта дод. Ҳамин се рӯз боз андак ба қувват шудам. Намондед, ки ман хезам, — пирамард дар ҷояш ҷунбиду Бобокалонов монеъ шуд. — Мана шумо, ки суроғу йӯхла карда омадед, якеро нафасу дигарро қадам. Зоро ба баракати пои қадами шумо дуруст шуда хезаму...
— Ба кор бароед, — давоми сухани Олимовро Бобокалонов гуфт. — Дидори дӯст беҳ бувад аз доруи табиб, мегӯянд. Шояд омадани мо ҳам як қувват шавад.
— Ба кор баро мегӯяд? — ҳайрон ба рӯи раис нигарист бемор.
— Ҳа, зудтар баромадани шумо зарур, ако, — гуфт Бобокалонов. — Шарт не, ки аз пагоҳӣ то бегоҳӣ кор кунед. Саркорию Сардории шумо барин одами пурдон даркор.
Чашмони бемор мисли барк дурахшиданд.
— Ранҷи худ, роҳати ёрон биталаб, гуфтаанд. Фарзандони мо дар ҷанг ҷон фидо мекупанду ман дар ин ҷо касал хоб кунам, мегуфтам-мӣ, бародар? — гуфт ӯ.— Ба саҳро зану бачаҳо мондаанд. Ақаллан, ба қавли шумо, одамҳои пир бошанд ҳам, кор фармуда метавонистагӣ даркор. Худо ба дардам тезтар шифо диҳаду дуруст шуда хезам, ба кор меравам-дия. Аз бекор худо безор.
— Нияти ман ҳамин ки як бригада мӯсафедон ташкил кунему шумо ба ҳамон сарубар шавед, — гуфт раис.
— Бригада? Пахтакор-мӣ? Фақат аз пирон ё?...
— Худи шумо, агар хато накунам, аз шаст ягон ду сол гузаштед.
— Шукр, ба шасту чор даромадам.
— Ман бошам, шуморо пир ҳисоб намекунам, — Бобокалонов дастархони овардашударо кушод.
— Шасту чор пир бошад, ҳаштуду навад чӣ мешавад? Раҳмати бобои ман ба наваду се даромада буданду

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо