Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Магар ин ҳамон Қориамин...
— Ки баъди аз партия бароварда шудан, боз қори шуду ҳеҷ хатми қуръопу азо бе вай намегузарад.— Эътироф намуд котиби ташкилоти партиявӣ.— Ба ҷавонҳо чӣ мегӯед? Писари вайро сардори бригада кардаанд.
— Пеш аз котиб шудани шумо?
— Не. Аммо...— котиб нигоҳе ба ҷониби Бобокалонов афканд ва зуд пай бурд, ки саволҳои паи ҳам ӯро меранҷонанд.
— Чор дона нон меёфтем,— ба котиб нигоҳ карда монд боз раис.
— Шумо рафта меистед. Ман ба хона даромада гирифта меоям.
Вақти офтоббаро ҳалқа ба дари боғи пирамард Мирбобо заданд, ки вай ҳанӯз аз дарӯн занҷир буд. Овози саге аз боғ ба гӯш расид ва гӯё чун давомати он ҳангоси харе шунида шуд. Дарро аз дарун зане ки бо як лаби курта рӯяшро пинҳон намуда буд, кушод. Худро ба таҳти девор гирифта, истод, ки дароянд.
Мирбобо Олимов марди пуррарӯи зиндадил ва ҳамеша хушҳол, ки ҳоло хеле логар метофт, чашмонашро нимроғкунон ба ояндагон нигарист ва дар лабони парсингбастааш табассум намоён шуда, ҳаракати бархостанро кард. Вале раис тохта рафту ҳам шуда вохӯрӣ намуд ва болишҳои сари ӯро ба тавре болоиҳам гузошт, ки такя карда нишаста тавонад.
— Шунидам, ки раис шуда омадед. Худо хурсанд шудам,— гуфт пирамард баъди ҳолпурсӣ.— Мегуфтанд, ки даракатон не. Қорро сар кардед?
— Аз аёдати шумо,— ширинкорӣ намуд Бобокалонов.
— Агар рост ба ин ҷо, беморбинӣ омада бошед, буд накардед,— ҷиддӣ гуфт Мирбобо.— Қорро аз беморбинӣ сар намекунанд. Нияташ хуб не.
— Колхоз аъзоҳо дораду колхоз аст. Бинобар ин, саломатии аъзоҳо боиси барору равнақи кори вай аст.
— Ба гап усто шудаед, раис. Шумо қатӣ баҳс кардан қийин. Хуб кардед, ки котибамонро ҳам гирифта омадед. Ёд карда будам.— Миролимов гилаашро устоёна мехӯронд.
Вале Бобокалонов худро ба ношунавой зада, лаҷоми суханро ба тарафи дигар тофт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо