Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Аз гапатон ҳамин маънии нодуруст мебарояд,— пандомезона таъкид намуд Бобокалонов.— Шумо аз гапи ман баногоҳ наранҷед. Ҳамаи пирон оё ба кор мебароянд? Деҳқони ҳақиқӣ ба ҳафтод дарояд ҳам, бекор нишаста наметавонад.— Раис фурсате тааммул намуда, рӯй ба ҷониби шарқ гардонд. Офтоби дамидайстода гӯё ордаки зарро ба чеҳраи гандумгуни ӯ, ба бинии калон, ба гирди чашмони танги мешиаш пошида буд.— Ана офтоб ҳам мебарояд. Нигоҳ кунед, аз ҳама хонаҳо, боғу майдон дуд мебарояд, яъне акнун ба нонушто тайёрӣ мебинанд, чой меҷӯшонанд. Аҳволи пахта бошад, ин. Одамонро ба тараддуд, ташвиш, такопу андохтан лозим аст. Ҳамаи хурду калон бархезанд. Об чӣ тавр? Ушкуфой намекашед? Нағз. Бо навбаташ ҳамаи пахтазорро обёрӣ мекунем ва пешопеш аз алаф тоза менамоем. Хосият Бобоҷонова чӣ тавр?

— Сиҳат, саломат, дар боғча.

— Ӯро аз он ҷо мегирем. Сардори бригадаи фронтии занон таъин мекунем.

— Чаро фронтӣ?

— Барои он ки бо меҳнати фидокорона ба фронт мададро зиёд мекунанд.— Бобокалонов ҳам шуда, зӯру захм зада, як бехи танааш мисли банди дасти кӯдак ғафшудаи матинҷро канд. Реша канда шуда дар замин монда буд.— Мирбобо Олимов дар куҷоянд?

— Дар ҳамин ҷо. Мегӯянд, ки танашон нотоб.

— Мегӯянд ё дар ҳақиқат нотоб? Худи шумо оё хабар гирифтед? Не? — Бобокалонов буттаро ба саргаҳи замин бо қаҳр ҳаво дод.— Мирбобо Олимов барин даҳ-понздаҳ пиронсолони ин ҷо ташкилкунандагони ҳамин колхозанд. Онҳо риши худро ба пахта соида сафед карданд. Ба қадри онҳо расидан лозим аст. Вагарна моро кӯрнамаку носипос гӯянд, ғалат намекунанд. Як бригадаи пиронсолон ташкил ва Мирбоборо сардор таъин менамоем. Майлаш, шарт нест, ки каланд бардорад. Ана ин пахтаро каланд, инашро тарош кардан ва ба инаш об додан зарур гуфта нишон диҳад, кифоя. Ҳоло ҳам вай дар ҳамон майдони саричӯй? Ба диданаш меравем. Чор дона нон ёбед. Бригадаи ҷавону комсомолҳо ҳаст?

— Ҳасту он қадар маззааш нест.

— Сардораш кист? Мирҷамол?

— Писари Қориамин...— дар лаби котиби ташкилоти партиявӣ табассуми тамасхромез дамид.

пешина
аз 447
навбатӣ