Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз маҷлис се рӯз гузашту раис ҳанӯз ба колхоз намеомад. Меомаду ӯро намедиданд. Ӯ чашми рӯз ҳанӯз кушода нашуда бригадаҳои пахтакории колхозро дида мебаромад. Аз ин фақат котиби ташкилоти партиявӣ бохабар буд, ки ҳамроҳаш мегашт. Ин моҳи августи соли якуми Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Қариб ҳамаи ҷавонон ба сафҳои армия ба фронт рафта буданду миёнсолон низ хабарномаҳо мегирифтанд, ки ба колоннаҳои коргарӣ фиристода мешаванд. Майдонҳои пахтаро ғумо ва матинҷ пахш карда буданд.

— Медонед, матинҷ чӣ маънӣ дорад? — ногаҳон аз котиб пурсид Бобокалонов.

— Матинҷ чӣ маънӣ дорад. Не, лекин медонам, ки номи алаф аст. Ҳо, ана, — котиб як буттаи қадди одам шудаи алаферо нишон дод, ки тухмҳои ҳанӯз напухтаи беҳисобаш сари онро ҳам мекард.

— Маъниаш ҳамин, ки ба деҳқон тинҷӣ намедиҳад. Эҳтимол олимони илми наботот шумурда бошанд, ки як бехи ин чӣ қадар тухм мекунад... — ба сари буттаи матинҷ омада, қарор гирифт устоди пахта. — Ба ҳазор-ҳазор мерасад. Тухми ин қариб тухми фарбеҳзот барин майда аст. Баъди чанд рӯзи дигар тухмашро пазонда мегирад. Сонӣ вой бар ҳоли деҳқон. Соли оянда дидед, ки аз таги ҳар суми барзагов садтоаш сабзида баромадааст. Ана он вақт ин алаф ба ману шумо «матинҷ» гуфта фармон медиҳад. Медонед, ки решаи вай аз қадаш дарозтар аст? То замин серӣ об нахӯрад, вайро бо решааш канда гирифта наметавонед. Аз рӯи хок канда гиред, боз сабзида баромадан мегирад. Агар дар байни ду-се рӯз ин алафҳоро канда напартоем, аввалан ҳосили имсола кам мешавад ва сониян, майдони пахтаамонро соли оянда аз алафи бегона тоза кардан амри маҳол.

— Қувват нест. — оҳ кашид котиб.

— Наврасон-чӣ?

— Ҳастанд...

— Занон-чӣ?

— Ҳастанд. Шавҳар, бародару фарзандонашон ба фронт рафтаанд. Аз яке хати сиёҳ меояду аз дигаре чанд моҳ боз хат нест, ба дили одамон ҳеҷ чиз намеғунҷад.

— Яъне гуфтани ҳастед, ки ба кор ҳам дасту дилашон намекарад?

— Не, албатта, ман ин тавр гуфтани нестаму...

пешина
аз 447
навбатӣ