Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

изҳор намуд, ки меҳрубонӣ ва ғамхории пайвастаи онҳоро мебинанд. Ӯ қавл дод, ки дар ҷавоби ин меҳрубонӣ пахтакорони тоҷик дар боби ҳосилнокии пахта ҷои аввалинро нигоҳ хоҳанд дошт. Дар ҳамон маҷлис буд, ки бародари Пӯлод Бобокалонов раиси ҳамонвақтаи «Коминтерн» — Ҷӯра Бобокалонов хоҳиши хуҷандиёнро ба самъи роҳбарони партия ва ҳукумат бирасонд, ки ба шаҳри қадимаи тоҷикон номи Ленин дода шавад. Дере аз миён нагузашта дар ин бобат қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии СССР баромад ва ба Хуҷанд номи Ленин дода шуд.

Баъди ду соли ин Пӯлод Бобокалонов ба депутатии Совети Олии СССР интихоб шуд ва ба ӯ номи устоди пахта доданд ва чун касе ки қалилу касири хоҷагии қишлоқи республикаро хуб медонад, Комиссари Халқии зироати Тоҷикистон таъин шуд.

Пӯлод Бобокалонов пас аз чанде хоҳиш намуд, ки ба курси коркунони советии назди Совети Вазирони республика фиристанд. Як сол хонд ва таҷрибаи зиндагониро бо дониш мустаҳкам намуд.

Дар Ғозиён ном мавзеи ноҳияи Хуҷанд ба номи Сталин колхозе буд. Вақте Бобокалонов дар колхози «Коминтерн» раисӣ менамуд, ташкилоти партиявии се колхоз — «Коминтерн», ба номи Крупская ва Сталин муттаҳид буда, котибии ин ташкилот ҳам дар зиммаи Пӯлод Бобокалонов буд. Ӯ заминҳо, боғот, одамони беҳтарин, мардони майдони пахтакорӣ, қоҳилому коргурезони онро ҳам медонист. Ба иззати нафси раис нарасида ва ба қавле ҷою кори ӯро нагирифта, роҳу равиш нишон медод ва саркорони ин ҷоро барои таҷрибагирӣ ба «Коминтерн» мебурд.

Ҳоло ана ҳамин колхоз хеле ақиб монда буд. Чун Бобокалоновро баъди хатми курс барои кор ба хоҷагии оби вилояти Ленинобод фиристоданд, раҳаш ҳар дафъа, ки ба ин колхоз меафтод, дилаш месӯхт. Ниҳоят ӯ тоқат карда натавонист. Пахтакорро пахта бевосита ба майдони худ мекашид. Ӯ ба ташкилоти партиявӣ муроҷиат намуда, ба ин колхоз фиристоданашро талаб кард. Колхозчиён аз ин қарордод бохабар ва шод шуданд.

— Ана мебинед. Як сол намегузараду колхозамонро гул мекунонад. Ӯ чашми корро аз ҳамаи мо хубтар медонад,— гуфт пирамардӣ пахтакор Миролим Бобоев.

Бобокалоновро ғоибона ба раисӣ интихоб намуданд.

пешина
аз 447
навбатӣ