Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
умумӣ ӯро аз раисии колхоз озод мекарданд, Орифҷон саркор аз ҷой бархост.
— Ман ба рафтани раисамон ҳеҷ розӣ не. Ӯ колхозамонро гул кунонду...
— Орифҷонако, ман шуморо одами ростгӯй гуфта, ҳамеша таъриф мекунаму шумо бошед...
— Чӣ? Дурӯғ гуфта истодаам-мӣ? — узр хоста, сухани раисро гирифт Орифҷон саркор.
— Колхозро мо ҳама гул кунондем. Худи ман чӣ кор карда метавонистам?
— Гапатон дуруст. Аммо саркардаи ӯҳдабаро дар ҳама ҷо даркор будааст,— истодагарӣ намуд Орифҷон.
— Чунин одамҳои мисли рафиқ Бобокалонов, аспи ғайрати худро дар майдони калонтар бояд тозонанд,— гуфт намояндаи Кумитаи Марказии партия, ки дар президиум менишаст.— Мо мехоҳем, ки ӯ хизмати тамоми республикаамонро кунад.
Дар ҳақиқат аз ҳамон вақт эътиборан Пӯлод Бобокалонов ба хизмати пахтакорони тамоми республика миён баста буд. Майдони амал ва ҳунари ӯ чун устоди ҳосилоти пахта вусъат ёфт. Дар назди ман таҳу тӯқкузи газераи бо мурури замон зардшудаи «Тоҷикистони Сурх» истодааст. Дар онҳо «Путёвкаҳои сталинии ҳосилоти баланди пахта» чоп шудаанд. Бо ташаббуси ин марди ғайратманд дар давоми чандин сол, соле се бор— дар мавсими шудгору коштан, парвариш ва ҳосилғундорӣ се путёвка бароварда мешуд. Онҳо дар амал фаслҳои китоби ҳосили баланди пахта буданд, ки Пӯлод Бобокалонов менавишт.
Ӯ аз район ба район, аз бригада ба бригадаю звеноҳои пахтакории тамоми республика аз субҳ то шом мегашт. Беҳтарин тадбиру таҷрибаҳоро ҷамъбаст менамуд ва умумӣ мегардонд. Ӯ аввалин устоди пахта аст, ки кор фармудани навтарин техникаи пахта ва зироати дигарро худ ёд гирифт ва ба дигарон нишон дод.
Аввалин ордени Ленин сари синаи сарбози ҷоннисори
деҳотро ҳанӯз соли сию панҷӯм оро дод. Чоруми декабри ҳамон сол дар Кремл маҷлиси машваратии колхозчиёни пешқадами Тоҷикистон ва Туркманистон кушода
шуд, ки ба он «Рӯзи тиллоии халқи тоҷик» ном дода буданд. Нахустин касе ки дар ин маҳфил сухан гуфт, Бобокалонов буд. Ӯ ба Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати
Советӣ миннатдории беҳадди мардумони Осиёи Миёнаро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо