Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Маънии ин чист? Ҳамин ки мо ҳанӯз дар бобати пахта мустақил не, яъне ба капиталистҳо тилло дода, пахта мегирем. Ҳосилоти пахтаро зиёд кардан даркор, ки вайро нахарем. Зиёдӣ кунад, фурӯшем.

«Коминтернчиён» ба гуфтаи раисашон амал карданд. Ҳанӯз соли аввали ташкил ёфтани онҳо аз ҳар гектар нуздаҳ центнер ҳосил бардоштанд. Чойхона-қироатхонаи нақшин ва кандакории дуошӯёна бино карданд. Аввалин бор дар таърихи колхоз, дар ин ҷо яслӣ ва боғчаи бачагон кушода шуд. Бори нахустин дар колхоз ҳам парник-гармхона сохтанд ва ба коргарони фабрикаи шоҳибофию пойафзолдӯзӣ дар зимистон афсонаосо пиёзи кабуд, шалғамча, бодиринг ва помидор фиристоданд.

— Дар зимистон валиҳо барои меҳмонони азизашон аз ҷаннат меваю сабзавоти тару тоза мебароранд,— гуфта мешунидем,— мегуфт коргар дар фабрикаи шоҳибофӣ.— Инро кӣ, аз куҷо фиристодааст.

— Валии ин замона Пӯлод Бобокалонов аз ҷаннати колхози «Коминтерн» фиристодааст,— мегуфт дар ҷавоб дигаре.

«Коминтерн» дар тамоми мамлакат машҳур шуд. Шунидан кай бувад монанди дидан. Ба шунидаву хондаҳои худ иктифо накарда, аз ҷануби республикаамон, аз республикаҳои дигар вакилони пахтакорон меомаданд. Медиданду ба чашми худ бовар намекарданд. Аз ёди ман камеравад. Қӯмитети Марказии Партияи Коммунистии (большевикон)-и Тоҷикистон қарори махсус бароварда буд, ки нависандагони тоҷик таҷриба ва комёбии ин колхозро дастраси омма гардонанд. Як гурӯҳи калони нависандагон, ки дар ҳайати он Ҳаким Карим, Аминзода, Муинзода, Ҷалол Икромӣ ва дигарон буданд, дар ин колхоз як моҳ истиқомат намуда, ба пахтакорони номӣ «Номаи номдорон» — китоби калонеро бахшиданд, ки сонитар ин забардастони майдони пахта қаҳрамонони достони манзуми устод Лоҳутӣ «Тоҷ ва байрақ» шуданд. Дар китоби «Номаи номдорон» ман як ҳикояи воқеиро ба ҳамин маршали сохтмони колхозӣ Пӯлод Бобокалонов бахшида будам ва аз ҳамон вақт эътиборан мо синос ва баъд дӯсти қарин шудем.

Соли сию сейӯм Бобокалонов ба аъзогӣ ва дар айни замон ҷонишини раиси Комиҷроияи Марказии республикаамон интихоб шуд. Вақте ба ин муносибат дар маҷлиси

пешина
аз 447
навбатӣ