Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

— Ҳаст. Киштро барвақт тамом мекунем. То ин вақт чанд бор каланд мекардем!
— Аввал деҳқонон ба ҳам нигаристанд.
— Чор-панҷ бор каланд мекунем.
— Ба талаботи ҳар бӯлак замин нигоҳ карда, то ҳашт бор каланд мекунем.
— Ё пираме! О, ин ҷудо бисёр не-мӣ? — пурсид дигар саркори Қобилбой.
— Не, бисёр не. Баъди ҳар обмонӣ як каланд. Дар майдони пахта — пахта мешаваду халос. Ман пахтазорҳои шуморо дида, ҳайрон мешавам. Ҳам тарбуз, ҳам сабзӣ, ҳам лаблабу, харбуза ҳаст. Пахтаи бисёр гирифтанӣ бошед, дар пахтазор нуқл пахта буданаш даркор.
— Хайр. Аммо аз панҷ бор зиёд об намемонем-ку? — гуфт боз Орифҷон саркор.
— Хато мекунем. Заминҳое ҳастанд, ки то ҳафт бор об мехоҳанд. Ин хел заминҳо дар лабҳои сой, доманаи Рухаки мо кам не. Санглох. Алаф бояд дар майдони пахта набошад. Барои ин аз ҳамин шудгори баҳорӣ сар карда, бо вай мубориза мебарем. Ягонга решаи гумою ғишша дар майдони пахта намонад. Ба сари замин бароварда сӯхта хокистар мекунед. Дар лабҳои ҷӯй, сари вот баланд шудан ва тухм карда, пазондани алафро намемонем. Ин тухмҳоро об ба замин мебиёраду ифлос мекунад.
— Бе гап набуд, ки колхозчиён ҳамаи колхозҳо раиси мо шавад мегуфтанд, ӯро, — пичиррос зад деҳқоне ба дигаре ки дар паҳлуяш менишаст. — Охир вай одами тӯдакаш набошад, он қадар аъзоҳои союзи кӯшчиро ба кор андохта аз пасаш бурда метавонист-мӣ?
— Рост мегӯй, худо ба умру ҷонаш барака диҳад, — риши сафедро қабза намуд пирамарде. — Йигити аҷоиб. Одами хуб ҳукми анқоро дорад.

Вуҷуде диҳад рӯшноӣ ба чашм,
Ки сӯзеш дар сина бошад чу шамъ.

Падарраҳмат чопашро аз хизмати мардум дареғ намедорад.
— Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст. — Мақол хонд дигар пирамарде. — Соли гузашта худи ӯ дар Седаста аз ҳама пахтаро зиёд гирифт. Метавонад, ки мегӯяд. Медонад, ки мефармояд.
— Ба маънии истиқлолияти пахта равед, рафиқон.

пешина
аз 447
навбатӣ