Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

вай кашида гирифт ва кушоду аз нав печонд.— Ман як одами холис. Як мусулмон ҳаминро бурда деҳ, гуфт. Не гуфта натавонистам. Ман ба вай ҳеҷ кас намешавам. На хеш, на ошною рӯшно. Рӯяшро ба замин молида тавалло кард. Гапашро гардонда натавонистам. Маро монед, ки равам.
— Не, шумо намеравед.
— Ҳой уко, кори айбро накунед. Ман як одами беғараз. Бачаю каҷҷаҳо дорам. Қамбағал. Аз пушти ин бемулоҳизагӣ як гап шуда монад, ба хонадонам мушкил мешавад. Ба ман иҷозат диҳед, ки баромада равам.
Дигар ба ҳамин хел гапҳо даромада, ҳамин корҳоро кунам, одам набошам. Дуо мекунам. Мартабаатон аз ин ҳам баланд шавад.
Аммо ду бародари хузарб, хушкадду баст ба Аҳвал чунон теғ кашида нигаристанд, ки ночор ба пеш даромад. Дар милисия вақте ӯро кофтуков намуданд, аз ҳамон кисае ки пули рӯймолчапеч гирифта шуда буд, корди ғилофдори тезе ҳам баромад.
Баъди як ҳафта Мулломаҳмудро суд карданд ва ҳабс намуданд. Аҳвал бошад, гурехта буд. Номи ӯро сонӣ донистанд. Абдулло будааст. Яке аз гумоштаҳои бой.
Бо ташаббуси Бобокалонов дар ноҳияи Хуҷанд дувоздаҳ колхоз ташкил карда шуд. Аҷибаш ин буд, ки дар ҳамаи ин дувоздаҳ колхоз чорьяккорони дирӯза зӯр мезаданд, ки ин сарбози колхозро ба раисӣ интихоб кунанд. Чун ин муяссар намешуд, ба аъзогии правленияи колхозашон интихоб менамуданд. Лекин дар яке аз ин колхозҳо, ки ҳамкорони чӣ пештара ва чӣ ҳозираи Пӯлод Бобокалонов зиёд буданд, ӯро раис интихоб карданд. Ин колхози хеле калони онвақтаи «Коминтерн»
буд. Вақте ӯ ба раисии колхоз розӣ шуд, ба назди саркорон — сардорони бригадаҳо шарт гузошт.
— Даҳ-дувоздаҳ центнер пахта ҳосили баланди ҳар гектари ин гирду атроф ҳисоб мешавад. Ҳамин тавр не? — пурсид ӯ.
— Ҳамин тавр,— ҷавоб доданд.
— Агар барои аз ҳар гектар бист центнер пахта гирифтан остину доман барзанед, ман бо шумо кор мекунам.
— Илоҷи ҳамин қадар ҳосил гирифтан ҳаст-мӣ? — пурсид Орифҷон ном саркоре.

пешина
аз 447
навбатӣ