Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Бобокалонов дар назар оромона чашм аз дасти ба бағал даромада наканда тайёр мешуд, ки лозим ояд, ҷаҳида хезад ва чолокона ӯро зада афтонад. Вале аҳвал аз киса рӯмолчаи чизе печондашударо баровард. Ба рӯи каф монда, хушомадгӯёна табассум намуда, дароз кард.
— Ҳазор сӯм... — калимаи ҳазорро бо овози башира, маънидорона талаффуз намуд ӯ.
«Пас ин барги сабз... ҳазор сӯм аст. Хуб мегӯяму мегирам ва аз қафояш барои гуселонидан мебароям. Кӯча беодам намешавад. Дар пеши мардум аз гиребонаш мегирам, — қарор дод Бобокалонов. Вале ин дам «иш-иш, зормонда» — гӯён овозе ва аз паси он шарфаи по ба гӯш расид. Аҳвал бо чолокии лӯъбатбоз рӯмолчаро боз ба киса заду чунон ки мегӯянд, ба лаб кулӯх молида, худро ба нодонӣ мегирифт, ки акаи Пӯлод, Ҷӯра Бобокалонов як харро кашолакунон даромада омад.
Аҳвал чӣ кор кардан ва чӣ гуфтанро надониста монд. Ӯ аз ҷой бархост ва ба истиқболи Ҷӯра аз суфа фуромаду саросема кафшҳояшро пӯшид. Аз ду лаби гиребони ҷома гирифта, онҳоро баҳам ҷафс карданӣ шуд ва рӯй ба Пӯлод овард.
— Аз хотирашон набарояд. Ман албатта боз меоям...
— Не. Шимо пулро надода ба куҷо меравед? Оё худатон хӯрданӣ нестед? — Пӯлод пеши роҳи ӯро гирифт.
— Эй, ҳамин тавр-мӣ? Додан гирам, ҳеҷ қисса нест? Дар воқеъ ин кас одами бегона набудагиранд.
— Ҳа, бале. Ин кас бародари ман мешаванд.
— Бисёр нағз, — аҳвал рӯмолчаро боз баровард.
— Ако, ин касро Мулломаҳмуди кулак, писари Раҷаббой фиристодааст. Аз гуфти ин кас дар ин рӯмолча ҳазор сӯм ҳаст. Пора фиристодааст, ки вайро аз кулакӣ мононем.
Ранги Ҷӯра канд.
— Ту чӣ кор карданӣ? — пурсид ӯ.
— Ҳайрон будам, ки як худам ин касро чӣ тавр пешандоз карда ба милисия барам. Хуб шуд, ки ту омадию мушкиламро осон кардӣ.
— Аз хоки потон гардам, Пӯлодбой, маро шарманда накунед, тасаддук. Изои бандаи мӯъмин ҳаром, гуфтаанд, — аҳвал пулро мехост баргашта ба киса андозаду роҳи гурезро гирад. Бобокалонов рӯмолчаро аз дасти

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо