Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Хизмат ҳамин, ки мебахшед, рафиқ Пӯлод Бобокалонов шумо мешаваед?
— Ҳа, ман.
— Ба шумо як гапи зарур доштаму... — оянда ба ин тараф он тараф нигариста, ба он ишора кард, ки ҷои хилват лозим аст.
— Марҳамат, ба ҳавлӣ дароед. Даромадан гиред.
Бобокалонов ба пеш гузашта, аҳвалро аз рӯи суфа гузаронда нишонд.
— Қадам расид, бало нарасад,— дубин, ба ин сӯ, он сӯи ҳавлӣ чашм давонда баромад ва омин кард.— Дар ҳавлӣ ҳеҷ кас нест-мӣ? Бисёр хуб. Дар ин гуна мавридҳо набудани одам беҳтар. Маро ба пеши шумо, рафиқ Бобокалонов, Мулломаҳмуд, писари Муллораҷаб фиристоданд.— Ӯ зонуяшро ба зери худ дурусттар таҳ кард.— Замонаро, худатон дида истодаед, алгов-далгов. Мулломаҳмудро ҳам ба гапи чорта бедаҳан даромада, ба рӯйхати кулакҳо даровардаанд. Қори душман-дия. Бинӣ набошад, чашмҳо якдигарро мехӯранд. Албатта, ин хато ва ҳақ ба ҷояш қарор мегирад. Аммо то ҳай-пай кардан ягон фалокат нашавад, гуфта, маро ба пеши шумо фиристоданд, уко,— чашми олусро ба гирди ҳавлӣ бори дигар давонда баромад,— андак барги сабз ҳам овардам.
«Барги сабзи ин миёнаравак чӣ бошад? — аз дил гузаронд Пӯлод Бобокалонов.— Наход пора оварда бошад? Маккору таррор Маҳмудро-ку мешиносам. Дар рӯихати кулакон дар ҷои чорӯм меистад. Аммо ин маҳлуқ кист? Агар ин пора оварда бошад, ба гурехтан намондан даркор. Аммо як худам ӯро чӣ тавр дастгир мекунам? Дар миён корд надорад. Агар дар бағал дошта бошад-чӣ? Хушёр бош, Пӯлод, эҳтимол ба қасди ҷонаш омада бошад. Барги сабз гӯён кордро аз бағал барорад, чӣ кунӣ? Чолокӣ даркор. Як лағад ба шикамаш мезанию дасти корддорашро бо мӯза сахт зер мекунӣ».
— Мулломаҳмуд қарзу қавола карда бошад ҳам, аз гӯсфанд то шутур харида фиристода метавонистагӣ як одами ҳимматбаланд,— табассум намуд дубин.— Аммо ҷораи фиристоданаш нест. Бинобар ин, андак пул дода фиристоданд. Ин аз нӯги хамир фатир. Агар шумо як некии то қиёмат аз хотир намебаромадагӣ кунед, боз хурсанд мешаваед.

пешина
аз 447
навбатӣ