Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ҳис карда монд. Ӯ оҳиста номаълум баромада рафтагӣ буд. Ногоҳ Зокиров омада монд. Ӯ аз ҳама пеш бо Пӯлод вохӯрӣ намуд. Баъд бо дигарон ва ба онҳо рӯй оварда гуфт: «Аввал ҳамин касро қабул мекунаму сони шумоёнро. Хоҳишмандам розӣ шавед». Аз бағали Бобокалонов гирифта, ба кабинеташ даромад. Аввал анкета, баъд тарҷимаи ҳолро хонд. Пурсид, ки худаш навишт, ё нависонд. Вале пурсиданҳояш ба Пӯлод малол намеомад. Ҷавони сабзина, миёнақад, чашму абрувонаш сипсиёҳ, ки ҳар чанд тез сухан гӯяд ҳам, ҳарфҳояш пухта ва бурро буданд, чигуна қуввати поаёни омирӣ дошт.
— Медонед, рафиқ Бобокалонов, — ба шумо-шумо гузашт ӯ, — ман шуморо ба чӣ кор тавсия мекунам? Ман мехоҳам, ки шумо раиси иттифоқи ҷуфтронони тамоми райони Хуҷанд шавед. Пешакӣ гуфта монам, ки кори осон не. Аммо шумо нағз аз ӯҳдааш мебароед. Ин ташкилот дар мубориза барои чун синф барҳам задани кулакон ва коллективидони хоҷагии қишлоқ мададгори зӯри партия мешавад. Ҳамаи деҳқонон чи камбагал ва чи миёнаҳол бояд ба сафи вай дарёянд. Ҳоло ташкилот дар район қариб шонздаҳ ҳазор аъзо дорад ва онро ба сӣ ҳазор расондан мумкин аст. Медонед ин чӣ қувваи калон аст! Мисли Фарҳод кӯҳро канда, ин қувва пеши дарзёро баста метавонад. Чаро фикр карда монед? Шумо ба мо, мо ба шумо мадад мекунем.
Ҷӯра Зокиров ба қавлаш вафо кард. Ҳеҷ як маҷлиси калони иттифоқи камбағалон бе ӯ намегузашт. Меомад.
Мегуфту мешунид. То метавонист мададгорӣ мекард. Аз мобайн андак вақт нагузашта, шумораи аъзоёни иттифоқ ҳақиқатан ба саҳл кам сӣ ҳазор расид. Партия ин қувваи бузурги як замоне аз зулму истисмор ба ҷон омада ва ҳоло дилаш пури нишоту умедро ба барҳам додани муштзӯрон ва коллективидани хоҷагии қишлоқ бархезонда ва равона карда буд. Бо сардории худи Бобокалонов саду шаст нафар боён кулак ва бадарға карда шуданд. Чӣ ҳилаю тазвирҳо ба кор намебурданд боён, ки номи муштзӯрро нагиранд!
Як бегоҳӣ дари ҳавлии Бобокалонов тақ-тақ шуд. Ӯ навакак аз кор омада буду мехост мӯза аз пой берун ва фурсате фароғат намуда ба кори шабонаи иттифоқи камбағалон равад. Берун баромада як марди ношиноси аҳвалро дид.
— Хизмат?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо