Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

карда буданд, ки Пӯлоди мироб замини худро саробу сероб мекунад. Вале ӯ аз ҳама дертар об мегирифт.
Рӯзе Ӯӯра Зокиров аспакӣ аз сари замини ӯ даргузар шуд.
— Чӣ пахтаи хубе расондай! — хушнудона чашм аз майдони пахта канда натавониста, завқ мекард ӯ. — Худат танҳо?
— Танҳо.
— Азоб намекашӣ?
— Ганҷ беранҷ нест.
— Нағз гуфтаанд, — сар ҷунбонд Ӯӯра Зокиров ва фурсате ба хаёл фурӯ рафту аз багалаш як анкета бароварда, ба дасти Пӯлод дод. Як ниятам ҳаст. Анкетаро пур мекунӣ. Тарҷимаи ҳол менависию ба ман мебиёрӣ.
Гап ҳаст. Худат пур карда метавонӣ? Натавонӣ, биё, дар ҳамон ҷо мефармоям, пур мекунанд.
— Ба ногоҳ маро ба ягон идора ба кор таъин накунед? — ҳаросон пурсид Бобокалонов. — Монед, ки ман деҳқонӣ кунам.
— Деҳқониатро кардан мегирӣ. Лекин ҳамон корро ҳам мекунӣ, — Ӯӯра даст ба китфи фарохи Бобокалонов гузошт. — Ба коре, ки таъин кардан мехоҳам, ту барин одам даркор. Худаш деҳқони забардаст бошаду гапаш ба деҳқонон гузарад. Барои ба деҳқон гапро маъқул карда тавонистан, донишманди ҳақиқии кори саҳро будан лозим аст, ки гӯӣ: «кор ана ин тавр шудааст. Бинеду ибрат гиред».
«Чӣ хел одам аст ин котиби горком? — дар ҷогах рӯ ба боло дароз кашида аз худ мепурсид Пӯлод, — чаро кас гапи ӯро гардонда наметавонад? Вай, ки фармон намедиҳад, зӯрию зорӣ намекунад. Қуввату қудрати ӯ дар чист?»
Анкетаро як навъ зӯр зада пур кард. Лекин дар навиштани тарҷимаи ҳол Пӯлод хеле азият кашид. Ӯ мехост дар чанд сатр азоби қарорию ҷорьяккорӣ, уқубати дастнигарӣ ва таҳқирҳоро ифода намояд, наметавонист.
Ҳама гапҳо дар пӯги забон буданду ба қалам намеомаданд. Як дафтари мактабро дӯхтаю дӯхта набаромада, оқибат ба рӯи се саҳифаи вай тарҷимаи ҳол навишт. Пагоҳ барвақт гирифта, ба шаҳр фуромада, ба назди Ӯӯра Зокиров рафт.
Дар қабулгоҳи вай кормандони идораҳо, ҳама нимчапӯшу хушлибос менишастанд. Пӯлоди сару тани тӯйраваки худро пӯшида омада, дар пеши онҳо худро назарногир

пешина
аз 447
навбатӣ