Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Пӯлод ба қудрату таъсири суханони худ ҳайрон шуд. Дар амал Бой ба радди суханони вай далел ёфта натавонист. Далелҳои Пӯлод бебаҳс буданд. Бой банд шуд. Ба ҳавлии дарун гурехт.

Чанде аз миён гузашту ислоҳоти обу замин шуд, ки деҳқонон дере боз интизораш буданд. Ба Пӯлод аз як ҷои ҳосилхез якуним таноб замин ва як сар барзагови бой расид. Гов ҳарчанд пир бошад ҳам, баробари барзагови ба алгов гирифташуда молаю омочро мекашид. «Чӣ корам?»— савол медод ӯ. Дар ҳамин вақт вакили пункти пахтатайёркунӣ, ки ҷузъдон дар бағал, аспакӣ сар-сари вот мегашт, расида омад.

— Монда нашавед, йигит!
— Саломат бошед, амак!
— Нияти чӣ коштан доред?
— Ҳар чӣ ҳукумати шӯро фармояд, ҳамонро мекорам.
— Қандатонро занед. Набошад пахта мекоред, хуб? — пурсид вакил.
— Чигитро чӣ мекунем?
— Шартнома мебандем. Чигитро мо медиҳем. Хубтарин навъи серҳосили ҳозира. Замин чӣ қадар?
— Якуним таноб.
— Ба як таноб пахта мекоред. Ба ним таноб ҳар чӣ хоҳед.
— Саломат бошед, амак.

Шартнома бастанд. Вакил даст монду қаламрави химикиро ба сарангушти Пӯлод наздик овард, ки моладу ба коғаз пахш кунонад. Вале ӯ хандид. Аз дасти вай қаламро гирифта ном ва номи падарашро пурра навишт.

— Маъзур, маъзур доред, уко,— вакил аз шарм айнакро қариб аз чашм афтонда буд.— Албатта, сони хондагистед-дия? Бисёр зеҳнаш тозаҳо ду-се моҳ хонда саводнок шуда истодаанд. Мана ин уко, аванс. Тахминӣ. Аз як таноб ду центнер навиштам. Худо диҳаду нағз меҳнат кунеду ҳосил калон шавад, пулаш ҳам калон мешавад. Агар чит, равған, чой даркор бошад, ба пункти мо, заводи пахтаи Мараҳимбойро медонед? Мераведу аванс мегиред.

Бобокалонов ҳамон сол се центнер пахта супурд. Меҳнатдӯстӣ, ба одам часпонии ӯ маъқул шуду мироби ҷӯи Хоҷагулистон таъин намуданд. Ҳамсоязаминҳо гумон

пешина
аз 447
навбатӣ