Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ҳазратомезона, вале зуд боз мағал бардошт.— Канӣ тезтар, аз ин ҷо нест шав-чӣ!
— Ман аввал аз ташкилоти камбағалон одам гирифта меоям, ки музди корамро аз шумо рӯёнда диҳад. Сонӣ то соҳиби обу замин нашавам, хотирҷамъ бошед, намеравам.
— Гушна пурзӯр-ку! Ман ту барин муттаҳамхоро кам надидаам. Ҷазоятро ман надиҳам, худи худованд медиҳад. Аммо дониста мон, ки замину оби бекора нест.
— Як худи ман аз домани Рухак чӣ қадар замин кушодам? Чӣ қадар санг ғундоштаму санг кашондам? Онҳо аз они ман. Вайро ба ман Ленин медиҳад.
— Ленин? — Муллотуроб як қадам пештар монда пурсид ва захрханд кард.
— Ҳа, Ленин,— Пӯлод аз кисаи яктаҳи пешкушо як парча қоғази аз газета ё китобе бурида, чорқад карда, байни қоғази сафед мисли тӯмор гузошташударо берун овард. Кушод ва бойро ҳайрон намуда шаррос карда хонда дод.— Фаҳмидед? Инро рафиқ Ленин навишта, имзо кардааст. Ман барои хондани ин Декрет саводамро баровардам.
— Ман нагуфтам, ки фандро аз панд фарқ карда натавониста мондай. Ман туро худобехабар гӯям, аз мурда рафтани Ленинатон ҳам бехабар будай,— писханд зад Муллотуроб.— Ба мурдани Ленин як сол шуду ту мегӯӣ, ки замини боён аз они деҳқон гуфта навишта фиристодааст.
— Ленин мурда бошад ҳам, кори вай зинда,— сухани аз Ҷӯра Зокиров шунидаашро гуфт Пӯлод.— Васияти вайро мо асло фаромӯш намекунем.
— Ба кофир шуданат як ваҷаб мондаасту халос.— Муллотуроб дар назари Пӯлод калавид.— Каллаатро гаранг кардаанд, гаранг. Гурба дар хоб чарбу мебинад.
Дили шон замину об ҷустааст! Боз мегӯям, ки хобатро ба об гӯй! — Муллотуроб нафасе таваккуф намуд.— Во аҷабо! Чаро ман бо ин гадобача санакӣ-манакӣ карда шиштаам? Тавба! Канӣ тез бош, ба аспу гӯсфандҳо хӯрок деҳ. Оғилро тоза кун. Лекин дониста мон, ки як бор ҳамин хел ба рӯям давуй, ба саркорҳо мефармоям, чунон адабатро медиҳанд, ки бале мегӯӣ.
Муллотуроби дар назар камқувват хӯрчини ҳар ду чашмаш пери зомуҷаро озод аз замин бардошт. Ба китф гирифту аз ғуломгардиш ба ҳавлии дарун даромада рафт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо