Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
мисли мор фашшос зада. — Ту гумон мекунӣ, ки ман аз ҳеҷ чиз хабар надорам? Рафта мехонӣ. Медонам. Ба союзи ҷуфтронҳо даромадай, ба молу мулки ман чашм ало мекунӣ, инро ҳам медонам. Лекин ба ту ана инро ҳам намедиҳам, — бой сарангушт аз байни ду ангушт бароварда, чашмони ғукона берун ҷаҳидаашро ало намуда, мушро ба зери бинии Пӯлод овард.
Пӯлод пои худро ба замин маҳкамтару каф ба мушти бой ниҳод ва ба қафо тела дод. Лекин мушти ӯро гӯё илоҷи ҷунбондан набуд. «Ин ҷисм майдаю аммо ҳар як устухонаш илики пурдор. Иликҳоро худи мо пур ва ин вуҷуди майдаро худи мо пуркувват кардаем. Акнун худи мо ҳам ӯро бемадор карда метавонем» — гуфт Пӯлод ва ба қаҳри чашми ӯ нигарист. Чашмони пур аз ғазаб ва адоват ба ҳам дӯхта шуда буданд. Аҷаб! Чашми хоҷаин тоби нигоҳи дуру дароз надошт. Ӯ мижа зад. Мушт оҷизона паст фуромаду ба каф мубаддал шуд. Вале забон ихтиёрдорӣ мекард.
Калтак хӯрдани саг ояд, пои соҳибашро мегазад. Дописта мон, бача, ки ман ба газондан намемонамку заДа устухонатро элакӣ мекунам, — таҳдид мекард Муллотуроб.
Вай замонҳо гузашта рафтанд, почҷо! — хитоб намуд Пӯлод ва аз ҷуръаташ дар аҷаб монд.
Чӣ-й! Гузашта рафтанд? Ҳукумати ту гузашта меравад. Давидани гӯсола то каҳдон, — аз ғазаб рӯи бой кабуд метофт ва дар чашмонаш Сурхӣ пайдо мешуд. — Кӣ кашад ҷавру ҷафо, кӣ хӯрад захру бало. Аз они маро мегирифтаанду ба ту медодаанд. Ман нигоҳ карда мешиштаам. Хобатро ба об гӯй! Гум шав, аз даргоҳи ман!
Маро бароварда фиристода наметавонед, — ҷони Муллотуробро ба ҳалкумаш меовард Пӯлод. — Ман то ҳаққи худам, обу замини худамро нагирам, ба ҳеҷ ҷо намеравам.
Ҳаққи худат? Аз дадон гадоят мерос монда буд?
Сабаби гадо будани дадои ман ҳам шумоҳо.
Мап?
Ҳа, шумо барин заминдорон, истисморчиён.
Истисморчиат чист?
Шумо, мурданвор кор мефармоеду ҳаққи кам медиҳед.
Нону намакам кӯр кунад, — гуфт Муллотуроб

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо