Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
гоҳе одамоне, ки бо вай меомаданд, ваъз мегуфтанд. Онҳо суханоне мегуфтанд, ки Пӯлод дар умри худ ягон бор нашунида буд. Рӯзе баъди дарс ҳамин тавр, котиби комитети шаҳру райони партия Ҷӯра Зокиров омада ваъз гуфт. Он шаб ғайри хонандагони курс пиронсолон, занони фаранҷидор низ дар чойхона гирд омада буданд. «Ин қадар гапҳои нави охиринро ин одам аз куҷо медонад ва чӣ хел ҳамаи онҳоро ба дилу мия ғунҷонда тавонистааст?» — аз худ мепурсид Пӯлод. Чун баъди ваъз ҳама хона ба хона мешуданд, шахсе гуфт, ки «Ҷӯра Зокир аз аввал ҳам маҳмадоною зирак буд. Лекин ба мардикорӣ рафта, бало шуда омадааст!». Пӯлод афсӯс хӯрд, ки чанд сол барвақттар таваллуд нашудааст, ки ба мардикорӣ раваду мисли Ҷӯра донишманд шуда баргардад. Ҳамон шаб дар гирди суханҳои Ҷӯра Зокиров хаёл ронда, хоби Пӯлод набурда ба кор бевақт баромада, аз бой ва саркор ҳақоратҳои дастабиринҷӣ шунид.
Вале рӯзе расид, ки ӯ бори якум чашм ба чашми ҳилагаронаи Муллотуроб дӯхт. Маҷлиси ташкилоти камбағалон, ки боз ҳам дар ҳамон чойхонаи Гузарча мегузашт, хеле бевақт тамом шуд. Дар он масъалаи ислоҳоти обу заминро муҳокима намуданд. Пас аз маҷлис ҳам Пӯлод то саҳар хоб накард. Ба ӯ гуфтанд, ки ба ту камаш якумим таноб замин, як барзагов мерасад. Фақат қарибҳои субҳдам хобаш бурд. Касе дар ҳавлӣ набуд, ки бедор кунад. Чоштгоҳӣ чашм кушоду саросема рӯйро гурбашӯ намуда барои наздик шудани роҳ сар-сари воту кӯчабоғҳо тохта ба кор рафт. Саркор албатта бӯнок-гапӣ кард. Вале чун вай ду чашми хӯрчинзомучаи аввалинбор аз палак кандашударо ба ҳар бор намуда супурд, ки ба ҳавлии хоҷаин барад, Пӯлод фаҳмид, ки бой албатта аз дер омаданаш ба кор огоҳ аст ва акнун вайро ба сих кашида, ба оташ хоҳад дошт. Дар ҳавлии берун Пӯлод хӯрчинро аз болои полон гирифту оҳиста ба рӯи суфа мегузошт, ки «иш-ишро» шунида, аз ҳавлии дарун Муллотуроб баромад. Вай одами миёнақаду ба як дидан назарногир бошад ҳам, нигоҳ ва суханони омиронаву фармонфармоёна дошт. Сухани ӯро дуто кардан ҳаргиз мумкин набуд. «Хуб, почҷо, ба ҷонам, албатта», — гуфта ҷон халос менамуданд. Назанад ҳам суханҳое мегуфт, ки аз ҷавшани ҷон мегузашт.
— Насибат аз даргоҳи ман, аз афти кор, канда шуда истодааст, гадобача! — заҳрпоширо сар кард бой

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо