Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Мов барин борик шуд. Лекин замин, боғу майдон ҳанӯз аз они боён буду чорьяккорҳону қарориҳо бераҳмона истисмор мешуданд. Вале ба ҳар ҳол об аз тағи ях мерафт.

Бобоҷоҳан саҳҳоф бо муждаи декрети Ленин гӯё дуое хонда ба Пӯлод суфта карда, ба дилаш ғулғула андохт. Дар бозгашт ӯ чорьяккори дигари бойро дучор омад.

— Хабарат ҳаст ё не, ки дукарат¹ гуфтагӣ фармони худи Ленин ҳаст ва аз рӯи вай ҳамаи боғу майдон, замину оби бой аз они мо будааст? — пурсид Пӯлод.

— Ман инро аз Шумо анча пеш шунида будам, мулло Пӯлод, — чорьяккор калимаи мулло Пӯлодро махсус талаффӯз намуд. — Мо хонда истодаем. Оё хабар дорӣ?

— Дар куҷо? Чӣ хел хонда истодаед?

— Дар Гузарча, дар худи самовор курси нест кардани бесаводӣ кушоданд, — хабар дод чорьяккор. — Бисту ҳашт кас хонда истодаем. Баъди хуфтан хӯрок хӯрда, ба самоворхона мебарой, муаллим мебиёяд. Дафтару қалам дорем, мехононад. Ман аллакай навиштанро ёд гирифтам.

— Ман ҳам равам, қабул мекунад?

— Чаро қабул накунад? Ману ту барин бечораи бебизоатро аз ҳама пеш қабул мекунанд.

Бегоҳи он Пӯлод аввал рафта аз қафои тиреза ба чойхона нигарист. Ҳама ҳалқа гирифта нишаста буданду чашмҳо ба як тан дӯхта. Вай бошад, ба доскаи ба сутуни чойхона овехташуда ҳарфҳо менавишт ва ҳарфҳо гуфта истода буд.

Самоворчӣ ҳарчанд дар сандаличаи худ, дар паси самовор менишаст, дар рӯи зону дафтар ва дар даст қалам дошт. Пӯлод дари чойхонаро чунон оҳиста кушод, ки ғайри чорьяккор ва самоворчӣ дигар ҳама аз даромаданаш гӯё бехабар монданд.

— Биё, Пӯлод, — таклиф намуд чорьяккор. — Рафиқ муаллим. Пӯлод ана ҳамин. Ӯ ҳам ба хондан омад.

Ба ҳамин тариқ, Пӯлод ҳам, ки дар умраш ба остонаи ягон мактаб наздик нашуда буд, ба шарофати муждан саҳҳоф ва ҳидояти ҳамкори худ ба маҳв кардани бесаводнаш шурӯъ намуд. Дар курс на фақат дарс медоданд. Ё пеш аз дарс ва ё баъди он, гоҳе муаллим ва

1 Дукарат — декрет.

пешина
аз 447
навбатӣ