Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

табъ задааст. Акнун вай аз мап қир ба қир гурехта мегардад.

— Ба дастатон афтад, бешӯхӣ мезапед? — бовар накарда пурсидам.

— Айбаш дар гарданаш. Мезанам. Ҳа, чӣ? Шавҳари вай барои мудофиаи Ватан дар фронт байни хоку хуп бошаду ин гардангафс ӯро аз роҳ барорад! Фардо вай ояду шунавад, чӣ мешавад, чӣ мегӯяд?

Рӯзе аз рӯзҳои охири моҳи маи соли панҷоҳу дуюм бо таклифи Бобокалонов барои дидани фермаи чорводории колхоз ба Оқтоши кӯтали кӯҳи Муғули Ленинобод рафтем. Ману Ҳоҷӣ Содиқ дар машинай> ӯ ва Бобокалонов дар «Газик»-и худаш. Роҳе ки аз доманаи кӯҳ дар болои колхози «Роҳи Ленин» шурӯъ мешавад, морпеч ба ғарби шимолӣ торафт баланд-баланд шуда, ба кӯтале мебарад, ки қароргоҳи ходимони ферма он ҷо буд. Аксари чӯпонон аз қирғизҳои ҳамон маҳал, ки забонашон ба ӯзбекӣ хеле наздик аст. Ҳаво гарми форам буду офтоб ба қафои абрҳо пинҳон шавад, насим сард мешуд ва мо хунук мехӯрдем. Раис хӯрок фармуду моро ба сари рамаи гӯсфандон бурд. Барраҳо чунон ки мегӯянд, анча тетик шуда буданду пешопеши омадани мо модагӯсфанди аз ҳама дермондае якбора сето зоидааст. Дутои он мода буду яктоаш нарина. Онҳо ҳанӯз дар пои худ рост истода наметавонистанд, аммо бо чашмони оҳувони сип-сиёҳашон гоҳ ба очаи худ, ки дар сарашон ҳарчанд бемадор бошад ҳам истода мелесид, гоҳ ба мо менигаристанд.

— Инҳо ҳама гӯсфандони қарокӯлианд, — гуфт Бобокалонов. — Баҳои ҳар пӯсти ин баробари тиллост. Капиталистон тилло дода мехаранд. Гапи байни худамон. Ин барраҳо ҳама модаанд. Ба ман кушта пӯсташро деҳ мегӯянд. Лекин барои зиёд кардани шумораи гӯсфандони қарокӯлӣ ман барраҳои модаро ду сол нигоҳ медорам, — ин вақт раис хандакунон ба Ҳоҷӣ Содиқ нигоҳ кард: — боз ту ин гапҳоро ба газетаат навишта, маро шарманда накунӣ? Барои ин, саршумори чанд сар гӯсфандродкам нишон додан лозим. Набошад, пӯст канӣ, гуфта тимоғ мекунанд. Албатта дар рӯйхати дохилии худамон ҳаст. Аммо ҳой, Тӯқсанбой, сиздан бир илтимос, — гуфт ба ходими ферма ӯ, — шу туҳлии ҳам сӯйманғар, кӯчқор ҳам керак-дия. — Ӯ ба мо нигарист. — Хушругии вайро бипед! Бачаи ҳама

пешина
аз 447
навбатӣ