Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

нагирифта, пои ростро аз кафш берун оварда, ба лаби суфа гузошту пурсид:
— Шумо фақат аз як поям чен мегиред ё аз ҳарду поям?

Овози маҳину форам, пои нозуки сафед ва нохунҳои аз ҳинои ба зери по молидашудаи сурхи ӯ раъшае дар бадани ман пайдо карда, ҳалқам хушк шуд. Гумон кардам, ки на лаб метавонам во кунам ва на овоз дорам, ки барорам. Ба дока назарам афтод. Аз паси он ду абрӯ ва чашмони сиёҳи алмосвор дурахшон гӯё аз дур ё аз байни туман намудор буд. Духтар албатта табассум мекард, ки дурахшидани дандонҳояш менамуд. Ларзаи ҷисму тапидани дил афзуд. «Ин чӣ ҳолат? Охир, акнун ман понздаҳсолаи шонздаҳбаро! Аз куҷо ҳам китобхони гузаро шудам, ки ягонтоаш бебайти ошиқу маъшуқ нест!». Ҳангоме ки сухани ноқилони китобҳо ба сари оҳу нола, ҳиҷрон ва васли ошиқон мерасид, бехуда ҳам набудааст, ки падарам «хайр ин хел ҷойҳояшро мону он тарафҳояшро хон» — мегуфт. Вале ин ҳаваси маро ба хондани маҳз он ҷойҳо зиёд мекард. Пинҳонӣ мехондам. «Китобҳо маро гӯё барвақт бедор мекунанд»...— ба ваҳм афтода худ ба худ мегуфтам.

— Ҳой уко, шумо чаро шах шуда мондед? — пурсид духтар маро ба ҳуш оварда.— Дадаатон ҳамин замон аз пешин омада мемонанд, тез бошеду чени поямро гиред. Ё маро нашиноҳгед-мӣ?. Ман духтари Ҳидоятхонҷӯра мешавам, ки ба шумо кафш фармуда рафтаанд. Ченҷӯби комадор чени пои ману шунидам, ки пойро чен кунед, кафшро нағз медӯзед, омадам.

Аз кисаи шим қаламро гирифта қоғаз ёфта ба лаби суфа овардаму лекин боз қалам меҷустам, ки духтар хандида гуфт:

— Ҳой, ба шумо чӣ шуд? Боз қалам мековед? Вай дастатонанда...— духтари шаттоҳу ҷодугарнамо даст аз даруни фаранҷӣ берун овард. Вай булӯрвор соф буд. Ӯ чун қаламро аз дасти ман гирифта, ба гирдогирди пояш хат кашид, остин то панҷаҳои маҳин онро аз назарам пинҳон кард. Лекин панҷ-шаш кокули дарози майда бофташуда, ки пӯғашон аз пахта пилтаҳо доштанд, шарри лағжида ба рӯи остини ӯ фуромаданд ва як бӯи масткунандае аз онҳо ба машоми ман бирасид. Муаллифон дар китобҳо бегапе ҳам «гесӯи анбарбӯй,

пешина
аз 447
навбатӣ