Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
гӯён мепурсид. Сакӣч гӯям, не мум мегуфт. Падарам ба ӯ тӯрачаи Ҳарина ном дода буд.
Як рӯз Ҳарина се бор аз дар даромада ба дарун нигоҳ карда бархилофи одати худ бозгашта рафт. Ба тӯрача чӣ шуд, ки намедарояд, гӯён мо дар аҷаб мемондем. Вақте дафъаи сеюм омада чун дид, ки падарам салла баста, ба намози пешин мерафт, мисли ҳамеша ангушт дар даҳону нифаи эзор дар даст, бинӣ кашида-бинӣ кашида дохили дӯкон шуд ва ба ҳеҷ чизу чора нигоҳе накарда, оҳиста ба ман гуфт:
— Ойхолаҷаи ман ба хонаи мо омадагӣ. Ба чен кунондани пояшон ба пеши шумо меомадаанд.
«Аҷаб, ин чӣ хел зан будааст, ки натарсидаву нашармида ба пеши ман меомадааст, ки чени пояшро гирам? — аз дил гузаронидам ва ростӣ, бачагона ба ҳарос афтодам.— Ягон зан биёяду чени поямро гир гӯяду болояш каси дигар омада монад, чӣ мешавад?»
Ҳарина тозон баромада рафт ва фурсате нагузашта, аз тангкӯчае ки ба он тирезаи дӯкони мо кушода мешуд, шарфаи пои занона ва чап-чапи пои лучи бачаи тозон ба гӯш расид. Дилам аз чӣ бошад беҷо тапид. Бархоста ба тангкӯча назар кардаи шуда, дар қафои тирезаи як чашмаш бешиша рӯй бо дока пӯшидашударо дидам. Дар паси чашмбанди дока албатта духтарон мешуданд. Ин чӣ духтаре будааст, ки ба поченкунӣ омад. Боз лаънатии Алӣ набошад? — аз сар гузарондам. Алӣ ҳаммактаб, ошнои улфати бачагии ман, шуҳу шӯткарие буд бо масхарабозиҳо ном бароварда, ӯ аз пушти шӯхиҳои беандешаёна баъзан танбеҳҳои сахт хӯрад ҳам, боз тарки одат намекард. Чунончӣ, боре куртаву пойҷомаи занона пӯшида ба сар яктаҳи падарашро гирифта ба як тӯй, айни вақти қатикунонии арӯсу домод ҳамроҳи занон ба хона даромада, ба даст афтода, калтаки бисёре хӯрда аз зарби шаллок ду қабургааш нишаста буд. Чунон ки худаш мегуфт, қариб пок мурда буду хайрият аз рӯи маслиҳати табиб даҳони офтобаро баста, аз чумакаш зӯр зада пуф карда қабургаҳоро як навъ ба ҷояшон овард.
Лекин андешаам ғулат баромад. Ассалому алайкум — гӯён ба дӯконхона аз паси Ҳарина дар сар фаранҷии сабзи духтарона касе даромад, ки кафши сарипой дошт ва пойҳои сафеди лучашро то бучул зеҳаки пойҷома пӯшида меистод. Ӯ ҳӯнӯз ба саломаш ҷавоб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё