Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

анбарсою анбарбез, мӯи мушкам» — гуфта таъриф намекардаанд. Анбар, мушк пас чунин бӯи масткунанда доштаанд?».

— Мегӯянд, ки рӯи пойро ҳам чен мекардаед, вай чи хел? — духтар маро аз мастию махмурӣ хушёр намуд.

Як навъ худро ба даст гирифта, ресмоне ёфтаму хостам чени рӯи пойро гирам. Дастам ларзид, вале пӯлоче карда ӯлчакро гирифтам. Чор ангушти аз ду чопиби ресмон гирифтаам ба пои духтар расиду гӯё қитики ӯ омад. Зуд пояшро кашида гирифта кафшро пӯшиду боз бо ҳамон овози дилнавоз гуфт:

— Дадаам кафши ту гулчиндор мешавад гуфтанду он хелаш ба ман маъқул не. Чармдастак кардан гиред. Ҳамин хел дӯзед, йигитча, ки одами дидагӣ ҳавас кунад. Ман рафтам, нағз монед.

Ман на ҳа гуфтам, на не. Аз қафояш нигариста мондаам. Ҳайрана, ки ҳайратангезона орому хомӯш меистод, аз дунболи духтар рафт.

Аз намоз баргашта омадани падар маро боз ба душ овард. Он вақт нақши пои духтари тӯра дар наздам меистод. Ман онро оҳиста гирифта, ба зери палос мондам. Бегоҳ чун падарам корбаро карда, ғундоштану рӯфтани дуконро ба ман супурда рафт, қалам гирифта, аввал рӯи нақши по, нақши ангуштҳо ва баъд бо қадами сурх нохунҳои ҳинодорро кашидаму ба байни китоби «Суфи Оллоёр» гузоштам, ки чанг паҳш намуда дар рафи боло мехобид. Падарам «гӯру қиёмати найро мони чӣ!» — гуфта ин китобро намеписандид.

Лекин духтар аз назари ман бо он фаранҷии маҳмалии сабзгуну зеҳу бандакҳои рангоранг, бо он чашмбанди дока, ки аз қафояш сиёҳии чашму абрӯ ғолиб карда, худро нишон дода, бинандаро месӯзонданд, бо он дасти булӯрин ва он дастаи кокулҳои бофтаю тофта пои барфпори сафеди нохунҳояш сурх, ки ба лаби суфа ба рӯи коғази зардгун гузошта шуда буд, аз пеши назарам намерафт. Хушам рафта боре чун таги кафшиҳоро медухтам, бигир ба ангуштам халид. Як дафъа путк ба ангушт задам, ки дар зери нохунам хун хоб карда кабуду сабз шуда буд. Аз ин ҳоли ман падарам дар ташвиш афтода боре гуфт:

— Писарам, ин қадар китоб нахон. Хушат ба онҳо рафта мемонад, — лекин бегоҳӣ вақте ба хона медаромадам,

пешина
аз 447
навбатӣ