Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

пешоникашқа оварда кушта, хуни ҳамонро молида як куҷонад. Вале ҷои ҳазлу мазоҳ набуд. Асрор тозон доруро овард. Духтари мо пулакчаи қариб чун фулуси як тинӣ калону ғафсро зуд майда кунонда, дар об маҳлул намуда, ба бемор нӯшонд. Хайрият аз гулӯи беморе ки набзаш намезад, об пурра гузашт. Аҷаб! Бемор то хӯрдани дору ҳам ду бор чашмонашро хеле калон кушоду ба ману духтур нигоҳ карда, ҳатто табассум кардани шуд, натавонист. Оре, муждаи омадани духтур ба бадани пиразан рӯҳи тоза дамонда буд. Зеро ӯ акнун эътимоди комил дошт, ки ин табиби ҳозиқ ӯро аз мурдан нигоҳ медорад.

Ба назди мо дастархон кушоданд. Вале мо нигоҳе ба вай намекардему чашм ба бемор дӯхта менишастем. Пас аз фурсате ӯ боз чашм кушод. Ин дафъа чӣ мегӯед, ки гӯё чашми ӯ як қадар нур, нури ҳаётро пайдо карда буд.

Аз миён ҳамон қадар фурсат гузашт, ки мо ҷон кабуди як чойнаки майдаро хӯрда тамом кардем. Духтур набзи беморро бори дигар гирифт. Ман дар лаби ӯ пайдо шудани табассумро дидам. «Эй хайрият, кампир баргашт».— Гуфтам худ ба худ ва бесаброна баъди духтур набзи пиразанро дидам. Вай пайдо шуда буд, вале сусту номунтазам мезад. Акнун духтур дили беморро бо карнайчааш гӯш карду ба рӯи як парча коғазе ки аз номи дору монда буд, хате навишта, ба ман дароз кард. «Дил аз нав ба кор даромад. Вале ҳанӯз вай монандӣ стансияи электрикии вайрона. Гоҳ равшанӣ медиҳаду гоҳе хомӯш мешавад. Лекин умеди зинда мондани кампир ҳаст» навишта шуда буд дар он.

— Хайрият! — гуфтам худро дошта натавониста.— Модар, духтур мегӯянд, ки сиҳат мешавад.

— Илоҳӣ...— гуфт ӯ.

— Аз нафасатон гардам, муаллим,— гуфт духтари бемор дар ҳолате ки аз чашмонаш ашк мечакид.

— Акнун боз ду доруи дигар бояд хӯред,— фармуд Рустамов.— Яктааш аз ҳамаи дорухонаҳо ҳар вақт ёфт мешавад. Аммо яктаашро ана ин кас ёфта метавонанд,— ба ман ишора намуд ӯ.— Номи ту писар чӣ буд? Асрор? Ту бо мо ҳамроҳ меравӣ. Ҳамин доруҳоро ёфта медиҳем. Оча, натарсед, сиҳат мешавад. Ҳамин доруҳоро хӯрда тамом мекунеду худатон тохта ба рӯи ҳавлӣ мебароед. Ин дафъа биёем, худо хоҳад, палав пухта медиҳед.

пешина
аз 447
навбатӣ