Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Ҳозир меравем?

— Агар фурсат дошта бошед...

— Ин чӣ гап? Барои бемор табиб ҳамеша фурсат бояд дошта бошад. Ман баромада дар пеши кинотеатри «Пахтакор» ба шумо мунтазир мешавам, — гуфт духтур.

Ману Асрор омада, ӯро гирифта ба Шайхбурҳон рафтем. Бемор рӯзи зимистон, дар тарафи бурҷаги сандалӣ рӯ ба шифт мехобид. Духтари пиразан аз дидани мо шод шуда, бо овози баланд:

— Модарҷон, амакам бо духтари гуфтагиат омаданд, як бор чашматро кушо, — гӯён илтиҷо намуд.

Пиразан ҳаракати кушодани чашмро кард. Ин ба ӯ пурра муяссар нашуд. Чашмҳои бенур нимроғ шуданду бас. Ғуринг-ғуринг нимғурма чиҳо гуфту дуруст фаҳмида натавонистем. Духтур набзи беморро гирифта ишора намуд, ки ман ҳам бинам. Ман набзро санҷиданӣ шудам, вай беҳаракат буд. Духтур аз духтари бемор кай ва чӣ тавр шудани бемориро пурсиду справкаи бемористонро гирифта хонда, даст ба пешонӣ бурд ва оҳиста гуфт:

— Диагнозашон ҳар ду бор ҳам нодуруст. Пункти тиббии деҳа кушода? Бисёр хуб. Тозеду ана ин доруро зуд ёфта биёед. — Ӯ ба коғаз номи доруро навишта дод.

— Шумо, оча, ба ногоҳ аз ягон чиз-ку натарсидаед? — ба рӯи пои бемор ангушт зер карда, пурсид Аъзам Рустамов маро дар аҷаб мононда. «Магар духтур фолбинӣ карда истодааст?» — гуфтам дар дил.

Аз пою қадами духтур бояд бошад, ки бемор як қадар ҷон мегирифт.

— Аз касал шуданам пеш як бор сахт тарсидам, — ҷавоб дод пиразан ҳар калимаро бо дамгирии беҳолона талаффуз намуда ва давоми ҳарфи ӯро духтараш гуфт.

— Зани ҳамсояи ду ҳавлӣ он тарафи мо дуҷони шабу рӯз буду дард гирифтааст. Роддомро чеғ занам гӯянд, телефони сельсоветамон вайрон. Ба ёдаш модар омадаанд, Саҳарӣ, дари кӯча тақ-тақ шуд. Баромаданду ба хона гашта омадан ҳам намонданд ҳамту аз чӯ мегузаштанд, ки аз мӯиш як машина баромада, шиввӣ карда гузашта диллшон чиггӣ карда мондааст. Ҳамту бо-шад ҳам ҷонҳавлӣ тохта рафта, помогӣ карда омаданд. Ду ҷон саломат монд. Ҳамон шуду аз тоб гаштанд.

«Ана халос! Фолбини таппа-тайёр. Фол дуруст баромад», — гуфтам худ ба худ. Вақти дигар мебуд, ба духтур мегуфтам, ки акнун фармоед, як гӯсфанди зарди

пешина
аз 447
навбатӣ