Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ӯро ба беморхонаи республикавӣ мебаранд. Дар он ҷо табиби ҳанӯз ҷавон бо ду диагноз якуним моҳ ӯро муолиҷа мекунад ва аҳволи бемор бад мешавад, ки хуб не. Як рӯз вақте духтари кампир барои дидани модараш меояд, духтури муолиҷакунанда мегӯяд:
— Синну соли модаратон ба як ҷо рафта мондагӣ. Аҳволашон ҳам хуб не. Ман ба ҷои шумо мебудам, модарро ба хона мебурдам. Чанд рӯз охир он кас ба шумо ғанимат. Сонӣ, ҳамаи ёру дӯстон ба аёдати мо дар ин ҷо омада наметавонанд, ки бинанд, розӣгӣ ва дуо гиранд.

Ин суханҳоро ба забони оддӣ гардонед, «модаратон сиҳат намешаванд, гирифта баред, ки дар хонаатон бошад» мебаромад. Духтар маслиҳатро холисона фаҳмида, ӯро гирифта меравад. Ҳарчанд бо занбар ба мошини ёрии таъҷилӣ беозор бароварда ва беозор ҳам мефароварану ба хонааш мебаранд, ҳоли бемор вазнинтар мешавад. Ба ин беморбинони бисёр ҳам, ки ба қавли пандгӯи беморхона омада ризоӣ ва дуои ӯро гирифта мерафтанд, сабаб мешаванд.

Аз ҷони набаромада умед. Пиразан аз зиндагӣ сер набуд. Ҳоло дилкашолиҳои бисёре дошт. Орзу мекард, ки тӯи хонадоршавии як набера, мактабро тамом карда, аз Москва омадани набераи дигар ва умр дароз бошад, чаро рӯи абераҳоро набинад?

Ба гӯши пиразан як вақте даромадааст, ки ман дар Киев бемор шуда, чанд вақт дар он ҷо, баъд дар бемористони Москва хобида, аз он ҷо омада канда шуда, боз бемор шудааму Рустамов ном як духтур муолиҷа ва сиҳат кардааст. Ба ёди пиразан ин ҳикоят омада, ба фарзадонаш тавалло мекунад.

— Амаки фалониатон ана ҳамон қадар бемор шуду мегӯянд, ки вайро як духтари рӯмонии худамон, писари Рустамбой дуруст кардааст. Илоҳӣ аз умру ҷонатон барака ёвед, рӯи дардро набинед. Чӣ мешавад, ки ба ӯ рафта гӯеду ҳамон духтурро як бор гирифта биёред.

Дар хона нишаста будам, писари кенҷаи пиразан Асрор ғамгину ҳазин омада, хоҳиши модарро расонд. Ман ин пирани сабукҷусса, фирӯзачашм, зиндадили меҳмондустро ҳурмат мекунам. Телефонро гирифтаму чеғ задам. Ба толеи кампир Рустамов дар хонааш будааст. Воқеаро гуфтаму илтимос кардам.
— Уловро чӣ мекунем?— пурсид ӯ.
— Машина ҳаст.

пешина
аз 447
навбатӣ