Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

организми одам баъди таъсири нур» рисолаи докториро ҳимоя намуд.

Куҷо акнун Бобоҷоҷаи саҳҳоф, ки ҳасрат менамуд дар Шому Миср тарзи хондан ва хонондан хуб аст!

Муҳаммадхоҷа Бобоҷоҷаев сардухтури шӯъбаи гематологии бемористони Душанбест. Ходими хизматнишондодаи тиб, ӯро дар пойтахти Ватанамон ҳам олимони ин соҳаи тиб хуб мешиносанд ва ба ҳалли масъалаҳои мушкил ӯро низ даъват менамоянд. Даҳҳо беморони вазнин, ки бо чашмони бенур, вале пур аз умед ба рӯи ӯ менигаристанд ва имдод талаб мекарданд, дар сояи заҳмати фаровони ин ходими барҷастаи тиб шифо меёфтанду меёбанд. Чӣ қадар мактубот аз онҳо гирифтааст у! Мардум аз ӯ то чӣ андоза миннатдоранд! «Беморҳоро сиҳатӣ ато намудан, гиребони онҳоро аз чанголи марг раҳо кардан, чӣ қадар хуб аст, бачаҷон, чӣ қадар хуб!»— овози муАССИРИ хоҳари шафқат дар гӯши ӯ як умр чарангос мезанад.

— Чаро баъзе духтурҳои мо аз табобати халқӣ, доруҳои халқӣ истифода намекунанд? Ман ҳайрон! — гуфт ӯ боре ба ман. — Абуалӣ Сино магар аксари набототи дорувориро аз дардмандони шифоёфта нагирифта буд?
Дарди худро ба дардмандон гӯй гуфтаанд, ки бечиз нест.

— Духтури ман Аъзам Рустамов маҳз ҳамин хел духтур аст, ки ҳар ду воситаи табобатро ба ҳам пайвастааст, — гуфтам.

— Рост, Аъзам Фозилович табиби ҳозиқанду афсӯс пир шуданд. Вале ҳоло ҳам ба беморону ҳам ба духтурҳои ҷавон хеле дастгирӣ карда метавонанд.

— Аз ҷавонон он кас ақиб мондан намехоҳанд.

— Шумо дутарафа ихлосмандӣ он касед.

— Оре, ӯро чун шоир ҳам дӯст медорам.

— Ҳанӯз ба Бедил пайравӣ мекунанд?

— Бедил барои он кас худои назм аст. Медонед, Муҳаммад Хоҷаевич, — гуфтам, — ба қарибӣ Рустамов дар пеши чашми ман ба қавли он зан, гиребони касеро аз чанголи марг халос кард.

— Дар куҷо, чӣ тавр, шунавем.

— Яке аз ошноёни душанбегии ман домоди шайхбурҳонии Хуҷанд аст. Зани ӯ аз ҳамин деҳа аст. Модари келин бошад, дар Шайхбурҳон зиндагӣ мекунад.
Боре ӯ чанд гоҳ бетоб шуда, дар хона мехобад ва баъд

пешина
аз 447
навбатӣ