Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ба окопҳои душман меандохтанд. Фармондеҳи взвод аз тапонча як душмани ба сари синааш найза равонакардаро парронда афтонд. Дигар як солдати немис ба тиркушоӣ фурсат наёфта, бо пошнаи автомат мехост, ба сандуқи дили ӯ занад, лағаде ба шиками вай зада ғалтонд ва парронду взводро мехост ба пеш барад, ногоҳ синаи чапро оташе сӯзонда гузашт. Ӯ як офицери немисро дар паҳлуяш дид, ки тири дуюмро ба ҷониби ӯ мехост раҳо кунад. Муҳаммадхоҷа ӯро чап дода, парронданӣ буд, натавонист. Офицереро, ки қасди ҷони ӯ кард, ҷавони лоғарандоми сияҳмӯе бо пошнаи милтиқ зада, аз по дарафтонд. Дасти чап дар рӯи сина Бобоҳоҷаев наъразанон медавиду ногоҳ замин ба чашмаш чаппагардон шуду афтод. Ӯро ба госпитали Житомир барои шифо бурданд. Дар он ҷо меҳнат, инсондӯстии духтурҳоро дид ва хокистари рӯи оташи орзуи духтуршавии ӯро бод омаду бурд...
— Муаллими ҳам хуб будааст. Лекин духтурӣ, он хоҳари шафқат рост мегуфт, бояд касби аз ҳама касбҳо беҳтар бошад, — мегуфт худ ба худ ӯ чун духтаре бо чашмони ин дафъа сабзгун, бо мӯи тилловор сурх ва чун хилъаташ сафедпӯст, докаи ҷароҳати ӯро оҳиста ва эҳтиёткорона мекушод ва докаи нав мебаст.
— Медонед, рафиқ офицер, ҷароҳати шумо қариб тамоман сиҳат шудааст. Дарду сӯзишмаш ҳам кам аст? — мепурсид духтар. — Хат надоред, ки бурда ба куттӣ андозам?
Муждаи ғалабаи моро дар ҷанг Муҳаммадхоҷа дар ҳамон Житомир шунид. Баъд ӯ ба шаҳри Ленинакан, ба сарҳадди байни арману турк рафт ва соли чилу шашум омада, ба институти тиббии Душанбе имтиҳон дод. Меҳри ба хондану духтур шудан доштааш ҳамеша ҳамбинони солҳои омӯзиш буд. Институтро ӯ бо муваффақият хатм намуд. Лекин зинаи болои ин илми аҷибу наҷиби муҳофизати саломатии одамӣ ӯро мисли оҳанрабо ба худ мекашид. Хок бардорӣ аз тӯдаи калон бардор. Чаро, ӯ ки ба як мурод расид, ба орзуи ояндааш нарасад?
Ба аспирантура дохил шуда, дар мавзӯи «Тағйироти электрокардиографии бемории баландшавии фишори хун» рисола ҳимоя намуд ва муаллими институти тиббӣ шуд. Зинаи боз болотар магар меҳри гиёҳ дошт, ки ӯро боз ба худ кашид. Дар соли шастум дар мавзӯи «Тағйироти

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо