Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Агар меҳрубонӣ кунеду ба армия худатон фиристед, хуб. Нею намефиристем, гӯед, гурехта меравам.
— Эҳ ҷавонӣ ҷавонӣ! — оҳ кашид мудири шӯъба.— Охир фарзандони ба фронт рафтаҳоро хонондан, тарбия намудан магар ба фронт ёрӣ нест? Меравию ҷавони нағз, корро давом медиҳӣ. Ин бронро ту гумон накун, ки ба ҳар кас медиҳанд.
— Ташаккур. Лекин аз ин зиёд ман дар ин ҷо намешаванд. Ба фронт мераваму халос.
— Ғалатӣ! Сабр кун. Ман ба пеши комиссар медарояму маслиҳат мекунам,— ба мудири шӯъба маълум буд, ки рафтори ҷавон маъқул шудааст.
Ӯ аз назди комиссар табассумкунон баромад.
— Туро ба Уфа, ба омӯзишгоҳи артиллерияи зенитии Севастополь фиристем, меравӣ?
— Хурсандона. Раҳмат ба шумо.
— Ана ин хел одамон чӣ хуб, ки бисёранд,— худ ба худ гуфт мудири шӯъба ва ҳуҷҷатро тахт намуда, боз ба назди комиссар рафт ва ин бор худи комиссар ҳам аз кабинеташ берун омад.
— Бобохоҷаи ин туй? — баъди салому алек даст ба китфи Муҳаммадхоҷа ниҳод комиссари қадпаст, ки барои нигаристан ба рӯи ҷавони болобаланд сар бармедошт.— Ба ҳамин тариқ, мехоҳӣ, ки мамлакатро девосита мудофиа кунӣ?
— Инфиқат мудофиа, рафиқ комиссар. Орзу дорам, ки дар ҳуҷум, дар озод кардани Ватан аз душман иштирок кунам, — гуфт Муҳаммадхоҷа.
— Ба муродят рас. Саломат бош. То дидан, ҷавони нағз! — комиссар дасти ӯро гирифта, фишурдаву ларзонда хайрбод гуфт.
Дар Уфа дар болои даромадгоҳи омӯзишгоҳ чунин суханони ба алвон навиштаро овехта буданд:
«Шарафи бузург насиби шумо гардид, ки яроқ дар даст идеяҳои муқаддасро муҳофизат намоед.
В. И. Ленин».
«Аз гӯшаи дурдасти диёри тоҷикон ман маҳз барои муҳофизати он идеяҳо омадам, ки Ленин онҳоро муқаддас меномад» аз дил гузаронд Муҳаммадхоҷа.
Омӯзишгоҳро ӯ баъди як сол бо муваффақият тамом карда, рутбаи фармондеҳи взводро гирифт. Ба фронти якуми Украина рафт. Дар деҳае ҷанги тан ба тан шурӯъ ёфта буд. Ҷанговарони советӣ ба ҳамла гузашта, худро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо