Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Ҳай дарег! — мегуфт дар дил Муҳаммадхоҷа, — намонданд, ки ақаллан мактаби тиббиро тамом кунам.
Хурд бошам ҳам рост ба фронт мерафтаму ба ярадорон мадад мекардам. Монанди он ҳамшираи шафқат ба ташнагон, табу тасфи ярадорон об менӯшондам. Чароҳаташонро мебастам. Як ба комиссариати ҳарбӣ раваму хоҳиш кунам, ки маро ба курси коркунони тиббӣ қабул кунонад ва ба фронт фиристонад. Мегӯянд, ки ҳамин хел курсҳо дар ҳар тарафи Тошканд чандинто кушода шудаанд.
Муҳаммадхоҷа ин фикрро ба чанде ҳамкурсони худ низ маъқул намуду сардӣ карда, ба комиссариати ҳарбӣ бурд. Дар он ҷо онҳоро ҳатто шунидан нахостанд. Сари ҳамаи коркунони он ҷо гич буд магар! Бо рӯҳи ошуфта аз он ҷо баргаштанд. «Ҳама дар ташвиши ҷанг бошанду мо гӯё дар олам воқеае рӯй надодааст, ба майли хотир нишаста хонем, чӣ мешавад?— ба худ савол медод Муҳаммадхоҷа. — Ақаллан ба ягон ҷо ба кор мефиристоданд».
Дар ин ҳангом яке аз рафиқони ӯ хабар овард, ки аз институт ба студенте бинобар ба фронт рафтани падараш, «дар мактаби миёнаи нопурра дарси физика ва математика дода метавонад» — гӯён шаҳодатнома додаанд. Муҳаммадхоҷа тозон омаду чунин шаҳодатномаро гирифта, ба Сталинобод рафт ва аз поезд фуромадан замон дар қабули комиссари маориф шуд. Роҳхати онро гирифта, ба Кӯлоб омад ва дар мактаби миёна муаллимӣ мекард. Чунин ҷавонони боғайрат дар ақибгоҳ кам монда буданд. Ӯро зуд котиби ташкилоти комсомолии назди совети ҷамоа низ интихоб карданд ва комиссариати ҳарбӣ даъват намуда, ба дасташ брон дод.
Аммо ҷавон ҳар дафъа чун дар байни билети ҳарбӣ ҳамин брони ба рӯяш хатти сурхи қаҷ кашидашударо медид, дилаш ғаш мекард. Аз рӯи маълумоти бюрои информатсионӣ душман ба остонаи Сталинград омадааст ва чунин ҷавони дасту пояш пуркувват, чолоку бебок, ҷавоне ки намедонад қувваро ба куҷо сарф кунад, дар як деҳаи ором ҳар рӯз рафта ба бачагон дарс дода меояд. Ӯ чунин ҳолро айби шаъни худ ҳисоб карда, акнун пагоҳӣ роҳи мактабро неву роҳи идораи комиссариати ҳарбиро пеш гирифт.
— Ана ин брони ман, — гуфт ӯ ба мудири шӯъба. —

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо