Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ту, писарҷон, нагуфтӣ, ки калон шавӣ, кӣ будан мехоҳӣ?— боз пурсид зан.

Муҳаммадхоҷа ба чашмони кабуд, ба қаҳри чашмони зан нигарист, дар он чашмон нигоҳи модари худро даръёфт.

— Ман ҳанӯз дар ин бора фикр накардаам, — ҷавоб дод ӯ хаёлоти кӯҳи Қофро чун роз нуҳуфта.

— Ин тавр бошад, медонӣ, кадом касб аз ҳамаи касбҳо хубтар? Пурс, ман мегӯям.

— Кадом касб?

— Духтурӣ! — овозашро паст, вале башира карда гуфт зан. — Духтурӣ! Беморҳоро сиҳатӣ ато намудан, гиребони онҳоро аз чанголи марг раҳо кардан, чӣ қадар хуб аст, бачаҷон!

Зан каф ба рӯи каф ниҳода, чашмонашро пӯшида, гӯё аз суханони худ, аз касбу кораш ҳаловат бурд.

— Ҳозиракак ба ҳамин беморхона занеро оварданд. Аз бинӣ аш якбора хуни бисёр рафта, беҳуш шудааст. Ман дасти ӯро гирифта, дидам. Аз ҷонаш рамақе монда буд. Уколҳо кардем. Хун гузарондем, ба худ омад. Чашм кушода аввалтарсид. Баъд гӯё ба ёдаш расид, ки хуни бисёр аз биниаш рафту беҳолу бемадор шуда афтод, табассум кард. Вай табассум карду мо бениҳоят шод шудем, ки боз як одамро аз мурдан наҷот додем. О, писарҷон, ҳеҷ нашъае калонтар ва ҳаловатбахштар аз ин нашъа нест. Хӯш, чӣ гуфтӣ? Духтур мешавӣ? Офарин! Ҳам узбекону ҳам тоҷикон ҳанӯз духтурҳои бисёр надоранд. Ҳол он ки ҳар халқ бояд шифокорони худро дошта бошад. Зеро забони беморро донистан, барои духтур аҳамияти калон дорад.

Чӣ афсӯс хӯрд ва чӣ қадар пушаймон шуд Муҳаммадхоҷа, вақте ӯро барои шӯхӣ ва худраъйиҳо аз курси тайёрии мактаби тиббӣ берун карданд! Одамон магар ба ҷои дил як парча санги хоро гузошта буданд, ки ба нолаву зорини ӯ эътиборе надоданд. «Афсӯс, гӯё ба муроди худ нарасида мемонам. Ба қавли ба хоҳари шафқат дар беморхона додаам гӯё вафо намешавад». Аз шӯхиҳо, гапнодаронҳо Муҳаммадхоҷа сад пушаймон мешуду суд намекард. Лекин ӯ ба хондан меҳр монда буд. Худи ҳамон сол ба курси тайёрии дорулмуаллимини Тошканд дохил шуда, соли ояндааш ба курси якуми физмати он даромад.

Ҷанг сар шуд.

пешина
аз 447
навбатӣ