Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тамом карду соли сию ҳафт ба курси тайёрии мактаби тиббии Ленинобод дохил шуд ва дар он ду сол хонд. Дар сари ӯ орзуи духтур шудан буд. Ин сабаб дошт.

Боре, ӯро баъд аз гурехтани навбатӣ дар поезд дастгир намуда, ба хонаи бачагони Деҳмой кас ҳамроҳ карда гусел менамуданд, бетоб шуд. Ӯро таб бурд. Ташна буд, ба сӯи ҷӯе метохт ва аҷаб, ки ҷӯй аз ӯ мегурехт. Ногоҳ падарро дида монд. Вай аз дасташ гирифту ба лаби ҷӯй бурд. Бача дароз кашиду лаб ба об бурду нӯшид. Вале ҳеҷ сер намешуд. Мехост инро ба падар гӯяд ва мадди рафъи ташнагиро ҷӯяд, дид, ки ӯ нест. Дадоҷон гӯён гиристу як нафас ба ҳуш омада, сарашро ба рӯи дасти зане дид, ки ба ӯ об мехӯронд.

— Ташна мондӣ? Ана, об нӯш, — гуфт зани чашмонаш мисли осмони беғубор кабӯд. — Ту аз кадом миллатӣ?

Муҳаммадхоҷа обро нӯшид, бемазза буд. Аз афти кор, вай маҳлули дору буд. Аммо ташнагиро як қадар шикаст.

— Ман мепурсам, ки ту кистӣ, яъне аз кадом миллатӣ? — такроран пурсид зан.

— Ман тоҷик.

— Ғалатӣ! Ту ба рус зиёдтар монанди. Бинӯш, ин акнун оби бедоруст, — зан ба дасти бача стакони обро дод. Ӯ аввал ҷуръаеро нобоварона ва сонӣ ба як дам то охир нӯшид. — Мегӯянд, ки ту аз хонаи бачагон баромада рафтаӣ. Ин тавр хуб нест, бачаҷон. Ҳам дар он ҷо хавотир мешаванд, ҳам падару модарат шунида монанд, ташвиш мекашанд, онҳо дар куҷо?

— Падарам мурдааст. Модарам дар Хуҷанд.

— Пас, модарам ба ҷои падарат ҳам мондаасту ғами туро танҳо мехӯрад. Ту дигар аз хонаи бачагон нарав. Ба ман гӯй, ки калон шавӣ, кӣ мешавӣ?

Муҳаммадхоҷа ҷавоб надод. Чунин саволҳоро ба кӯдакон медиҳанд. На ба чун Муҳаммадхоҷа наврасон, ки мехоҳанд, мустақил, озод бесаробону бефармонфармоён зиндагӣ кунанд: аз поезд ба поезд гузаранд, шаҳрҳои калонро бинанд, ба пароходҳо савор шаванд аз дарёи шӯр, аз он дарё, ки падар гузашта ба ҳаҷ рафта омадааст, гузаранд, ки дар ким-куҷои кӯҳи Қоф ва дар паси он диёри девону париён ҳаст. Чаро ба он ҷо наравад? Девони ҳафтсарро кушта, азизу мӯътабари париҳо нашавад?

пешина
аз 447
навбатӣ