Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Қасам ба зоти рабб-ус-самовоти ва-л арз, ки агар таппонча медоштам, ҳозир ин одами гапнофаҳмро мепаррондам, — ҳазломез мегӯяд Бобохоҷа гуноҳи худро бо ин қасами болохонадор вазнинтар карда. Дар он ҷо ӯро фавран аз муаллимӣ холи мекунанд. Вале барои хушёр кардани дигарон будааст. Фардо ӯро ба деҳаи Ғӯлакандози райони Нов муаллим карда мефиристанд.

  • Ҳозир барои он ҷо худи шумо барин муаллим даркор аст, ки ҳам набудани худоро оҳиста исбот кунад ва ҳам ба зоти рабб-ус-самовоти ва-л арз қасам ёд кунад, — мегӯянд ба ӯ.

Бобохоҷа Тиллохоҷаев айнан ҳамин тавр кард. Як дона «Ҳафтяк», ва «Чор китоб» бурда ба мактаб монду вақте ки имом игвою ғавго мебардошт, ки фарзандони мардумро кофир мекунад, он китобҳоро нишон медод ва қасам ба зоти рабб-ус-самовоти ва-л арз қасам ёд мекард, ки фақат мусулмониро ёд медиҳад. Барои чунин мавридҳо шуда, ба чанд нафар шогирдони зеҳнашон тоза чанд саҳифа аз «Ҳафтяк», «Қуръон» ва чанд боб аз «Чор китоб» ёд купонда буд. Аммо қафои имому ҷосуси босмачиён, ки гашт, дарси мактабро аз рӯи программа гузаронидан мегирифт. Ба ҳамин минвол, ӯ дар он ҷо то соли бисту шашум муаллими хурду калон, надим ва соҳибтадбири ҳар хонадон буд.

Бобохоҷа Тиллохоҷаев соли сиюми асри гузашта фавтид. Аз худ се писар гузошт. Писари калонии ӯ Иброҳим гимназияи маҳаллӣ ва техникуми заминченкупиро тамом карда, инженери сохтмон шуд. Писари миёна Муртазо дорулмуаллиминии тоҷиконро дар Тошканд хатми намуда, муаллим шуд, вале ҷавон вафот кард. Писари хурдӣ Муҳаммадхоҷа, ки аз падар панҷсола ятим монда буд, дар солҳои душвору сахти сиюм ба хонаҳои бачаҳои Қистакуз ва Деҳмой афтод. Модар дар хона кӯрпа ва ҷапони артелҳоро дузад ҳам, ба рӯзгор базӯр мерасид. Муҳаммадхоҷа шӯх буд. Аз хонаҳои бачагон мегурехт. Ба Хавос, стансияи роҳи оҳани Хуҷанд баромада, ба посадҳо савор шуда, ҳаваси ба ҷойҳои дури дар афсонаҳо шунидааш рафтанро дошт. Вале ӯро ҳар дафъа дастгир мекарданд ва ба хонаҳои бачагон оварда месупурданд. Ӯ баъди чор сол боз ба назди модар омад ва ба синфи чоруми мактаби ибтидоӣ дохил шуд.
Дар ин ҷо бесабру тоқатона ҳамааш шуда як синфро

пешина
аз 447
навбатӣ