Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Ҳа, гапҳои гуфтагиамро гӯй.
Ҷавон рафт.
Саҳҳоф ба марди дигаре ки ба болои сухан омада хомӯш меистод, гуфт:
— Ин ҷавон писари Бобокалони пахтакаш. Умри падараш ҳам дар таги дари бойҳо гузашта буду аз сад гулаш як гулаш нашукуфта бошад ҳам, бачаи бечора аллакай қарорию чоряккори се хӯҷаин шуд. Ҳоло чоряккори Муллотуроб. Дар Сойча заминҳои вайро мекорад. Соддагиро бинед, ки ҳанӯз аз декрети Ленин бехабар. Аз саҳар то шом дар саҳро. Аз олам чӣ мегузарад, намедонад. Декретро ба вай худи Муллотуроб бурда мехонад-мӣ?
Қариб нисфи китобҳоро аз рӯи дӯкон чун ба саҳҳоф дароз кардаму ӯ ба чанд халта ҷойгир намуд, ба ман ҷавоб дод:
— Акнун равӣ ҳам мешавад. Корамро хеле осон кардӣ. Ҳоло гапҳои гуфтагиам аз ёдат набаромадаанд? Албатта рафта, ба падарат гӯй.
Аз қисмати баъдинаи Бобоҷораи саҳҳоф, вақте муаллим шуда будам, боре мудири илмии мактабамон Қаҳҳор Хоҷаев ҳикоя кард. Рӯзе ки инспектори маориф ба мактабе ки Бобоҷоҷа Тиллохоҷаев дарс медод, меояду дар ҷадвали дарс «дарси динӣ»-ро мебинад. Ин соли бистум будааст. Инспектор аз киса қалами сурх бароварда, ба рӯи дарси динӣ хатти батлон ва муаллимро ба тахтакаш мекашад, ки чаро ту дарси динӣ медиҳӣ.
— Дини араб дар давоми садҳо сол аз майнаи мардум монандӣ мехи дарози ба тахтаи сахту ғафс задашуда ҷо гирифтааст. Вайро бо як қаламронӣ бартараф карда наметавонӣ. Чунон ки ба як кашидан он мех ҳам берун оварда намешавад. Шумо гумон накунед ки мап ба инҳо калимаю рӯзадорӣ ва намозхониро ёд медиҳам? Не. Дар ин дарс ба шогирдон одоб ва одамгарӣ таълим медиҳам. Агар ман ин дарси номаш дигару мазмунаш дигарро аз ҷадвал берун кунам, чунин падару модароне ки фарзандонашонро гирифта мераванд, кам намешаванд. Агар барои ҳамин маро мӯҷиби мазаммат кардани бошед, рафиқ нозири маориф, ихтиёр ба дасти бахтиёр.
Лекин ягон ҳафта аз миён нагузашта Тиллохоҷаевро ба маҷлис даъват мекунанд ва инспектор боз сухан мекунаду даҳон ба таънаи ӯ мекушояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо