Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ин китобҳоро бояд хонаду донад. Дар Миср, писарам, як китобхонаро дида, хуш аз сарам парида буд.
Рафҳои болоиҳами чандинхона пур-пури китоб. Хиштро рост карда мондагӣ барин чидаанд. Як хонаи вай ба китобҳои забони мо банд. Мо мурда-мурда забони арабиро ёд мегирифтем, ки китобҳои арабиро хонем.
Дар он ҷо арабҳои тоҷикдон пур. Хондаанду ёд гирифтаанд, ки китобҳои Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофизу Ҷомиро хонанд. Худо хоҳад акнун мебинӣ, ки ҳар сол аз ин мактабҳои нав бачагон доно шуда баромада, китобхон шудаанд ва барои онҳо дар мамлакати худи мо ҳам китобхонаҳо пайдо шудаанд. Шумоҳо гумон мекунед, ки гузаштагони мо китобхонаҳо надоштаанд. Бисёр буд. Ҷанг мешуд, месӯхтанд, хароб мекарданд. Хайр, Пӯлодбой, ба ман чӣ гапат буд?

— Хӯҷаин фиристоданд, ки ба шумо имсол сабзию пиёз даркор ё не,— гуфт ҷавоне, ки саҳҳоф Пӯлодбой меномид.

— Хӯҷаини зиқнаю ҷонамбароятро худо гирад. Тиллобаркаш карда мефиристодагист-дия?— хандид саҳҳоф.— Бозори кадом чизаш, ки касод шуд, меҳри кабудакаш ба мо метобаду кас мефиристад, ки насъя медиҳад. Кошки нағзашро фиристонад. Ҳама аз бозор гаштагӣ. Ман аввал ба бозор даромада нарху навои сабзию пиёзро фаҳмида, сонӣ хабар медиҳам. Лекин, Пӯлодбой, гӯй, ки агар сабзию пиёзи майдаю пискутиро фиристад, мегардонам. Ту ҳоло ҳам хизмати вайро мекунӣ? Ман шумоҳо мебудам, хӯҷаини зиқна, худхӯру касмадеҳатро ба сари замин омадан намемондам. Ту декрети Ленинро хондӣ? Нахонда бошӣ, ёфта хон. Мефаҳмӣ, ки замин аз они бой не, аз они ту шудааст. Ҳа, дурӯғ намегӯям. Ман газета мехонам. Худам хондаам. Ту ҳеҷ хондай? Не? Ба ягон курси нест кардани бесаводӣ даро, натарс писар. Хӯҷаинот акнун ҳеҷ кор карда наметавонад. Ҳеҷ набошад, як дуои салом менавиштагӣ шав.
Он вақт декретро ҳам худат мехонӣ.

Дар чашмони танг, лабони ғафси ҷавони кӯсанамо хушнудӣ намоён шуд. Вале ҷавобе ба савол надод.

— Хайр, рафта ҳамту гӯям-мӣ?— пурсид.
— Чӣ, рафта мегӯй, ки декрети Ленин будаасту замин аз они мо?— хушҳолона пурсид саҳҳоф.

— Не-е...— мад кашид Пӯлодбой.— Ман сабзию пиёзро гуфта истодаам.

пешина
аз 447
навбатӣ