Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Мана ин сиёҳии охирин,— латтаеро кушода, пӯлакчаи сиёҳиро гирифта, бо миннат ба рӯи кафи монанди дасти гадо дарозшудаи ман гузошт.— Ман дӯконро пӯшида истодаам. Бутун мепӯшам. Маро ба муаллимӣ фиристоданд. Муаллими мактаби нав. Агар мактаби мо ба хонаи шумо наздик мешуд, худам гирифта мебурдаму мехонондам. Як замоне бобои ту, раҳматӣ Муллошокир, барои ман дилашонро кам хун накардаанд. Аммо мактаби ман аз шумо анча дур, дар Қӯшҳавз. Дар ҳавлии беруни қозӣ Саидаҳмадхон. Медонӣ?
— Не, намедонам,— гуфтам.— Ба ногоҳ дар Қӯшҳавзи раҳи идҷо не?
— Боз мегӯй, ки намедонӣ. Хайр, дадот ба ягон кори зарур нафиристодааст? Ин тавр бошад, писари амак, ба дӯкон барои о ҳамон китобҳоро ба ман гирифта-гирифта деҳ. Метавонӣ?
Ман тохта ба дӯкон баромадам ва аз як тараф якяк китобҳоро гирифта, ба ӯ дароз мекардам. Аксари онҳо китобҳои дарсии худи саҳҳоф мақова карда буд.
Вақте ки Бобохоҷа фурсате дам ва ё касе омада вайро ба гап мегирифт, ман китобҳои ғапс-ғафси муқоваашон аксар чарминро кушода, номашонро мехондам.
Онҳо «Ҳафт авранг», «Маслак-ал-муттақин», «Мунфтоҳул-ҷинон», «Матлаъ-ал-улуму маҷмаъ-ал-фунун», «Ғиёс-ул-луғот», «Чароғи Ҳидоят», «Қисас-ул-анбиё», «Шоҳнома»-и бо тасвир, «Ҳазору як шаб», «Калила ва Димна» ва ғайраҳо буданд, ки бисёрашонро ман нахонда будам. Дар дил афсӯс мебурдам, ки ба ин китобҳо навбат нарасида, саҳҳоф пилтаю поғундаашро бардошт.
— Наход ҳамаи ин китобҳо акнун подаркор шуда монанд?— овозе маро аз гирдоби хаёл берун кашид.
Нигоҳ карда дар назди саҳҳоф як ҷавони тарҳи рӯяш ба қирғиз монандеро дидам.
— Эй Пӯлодбой, ту-мӣ? Ман ҳайрон шудам, ки кист,— саҳҳоф миёни ба дард омадаашро молида, аз ҷой бархост.— Саводат, ки не, уко, намедонӣ, ки кадоми ин китоб даркору кадомаш не. Дар ин ҷо китобҳое ҳастанд, ки то дунё ҳаст, ба одам даркоранд. «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Шайх Саъдӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Ҳазору як шаб», ғазалҳои Хоҷа Ҳофизу Хоҷа Қамоли худамон, ана ин луғатҳо акнун зиёдтар даркор мешаванд.
Чунки ҳама мехонанду саводнок мешаванд. Ҳар саводнок

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо