Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
аз маҳаллаи Миршабхона, — фаҳмонд падар. — Баъди вафоти падарам Тиллохоҷа писарашро ба мадрасаи Намозгоҳ бурда монд. Аммо худаш ёш мурда, ду фарзандаш Бобохоҷаю Шарифхоҷаро ятим кард. Шарифхоҷа корвонбошии аробакашоне буд, ки аз конҳои Сулуктаю Дарғамир ангишт мекашонданд. Бобохоҷа дар болон ҳаждаҳ-пуздаҳсолагиаш хонадор шуд. Духтари холаашро гирифта, доданд. Ягон ду сол хонаю дар кард ё не, ба ҳаҷ рафт. Ҳоҷӣ Зокири Намозгоҳии чанд бор ҳаҷ карда омадагӣ боз ба ҳаҷ рафтанӣ мешаваду ба вай мегӯянд, ки ҳамин Бобохоҷа андак-мундак забони арабиро медонад, зираку ҳушёр. Дастёр карда равед, дар ин синну соли пирӣ азоб намекашед. Баъди шаш моҳ Бобохоҷа гашта омад ва аз кӣ бошад, дар ҳамон тарафҳо саҳҳофиро ёд гирифтааст. Аммо ба як саҳҳофӣ зиндагӣ намегузарад. Ба вай ёру дӯстонаш мадад карда, дӯкони китобфурӯшӣ кушода доданд. Одами баинсоф пок.
Бобохоҷаи саҳҳоф баъди бо падар рафта «Ҳофиз» хариданам, бо худи ман шинос шуда монд. Сиёҳиро бепул медод. Қаламро низ арзон мефурӯхт. Чанд китобро ба ман дод, ки озода нигоҳ дошта, хонаму бурда диҳам ва китоби нав гирам. Рӯзе барои сиёҳигирӣ рафта будаму дидам, ки саҳҳоф анҷомҳои дӯкони худро меғундорад.
— Ҳа, писарам, — номи маро гирифта, қомати худро рост кард. — Чӣ даркор?
— Ба сиёҳӣ харидан омадам.
— Ҳоло ҳам дар мактаби Валихон мехонӣ? — пурсид саҳҳоф.
— Ҳа, хонда истодаам.
— Ба дадоят рафта гӯй: — амаки саҳҳофам аз баҳри вай мактабхона нею табхона, аз баҳри мактабдор пею табдор тезтар баро гуфтанд. Хуб, ба мактаби нав даро. Ҳам китоб, ҳам қалам, ҳам сангтахтан бепул медиҳад. Мо чӣ хел одамхон ношукрӣ задагӣ-а? Ҳамааш бепул бошаду нони панҷшанбегӣю китобдароён напурсанд. Боз чӣ мехоҳем, намедонам. Сиёҳӣ ҳасту намефурӯшам. Ба мактаби нав рав, сиёҳӣ ҳам бепул, давоту қалам ҳам.
— Хайр, майлаш равам, меравам. Аммо ҳозир сиёҳӣ ҷудо даркор. — Ба тавалло даромадам.
1 Слюкта ва Драгомирово.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо