Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Китоб ба шумо маъқул шуд ё не?
— Китоб-ку маъқул-а. Баҳояшро андак кам мекардед, маъкултар мешуд, — илтиҷо намуд падар ва ҳамёнро кушода, як миқдор пул бароварда, шумурда доду китобфурӯш ҳам, ки ба хаёлам, ҳанӯз дар дасти ӯ онро шумурд, «хайр розӣ бошед, шуд» — гӯён ба пул суф карда, ба киса андохт.
— Ана баъди пешин шуду савдои аввалин ҳамин.
Илоҳӣ пулатон усто бобаракат бошад.
— Қоғазу қалам ҳам харида медодед, — гуфтам ба падар таваллоназарона.
— Ана дидед, ҳоло харидори дуввум ҳам худи ман мешавам, аз афти кор, — гуфт падар. — Ба як китоббардорӣ чӣ қадар қоғаз меравад, ҳоҷӣ?
— Ана ҳамин тӯққуз барои як китоб, — китобфурӯш чолокона аз тарафи дигари раф як дастаи калони коғазро, ки дар халтаи қоғазӣ ҷой буд, гирифта дод. — Боз чӣ даркор, писарҷон, якбора ҳамаашро гӯй.
— Қаламу сиёҳӣ даркор.
— Ана халос!
— Пули хароҷоти як ҳафтаи рӯзгорро, аз афти кор, дар ҳамин ҷо сарф мекунонӣ? — пурсид падар. Ранҷиш, гила ё норози будани оҳанги онро яқин карда натавонистам.
— Ҳамааш ҳаст. Ана қалам. Хостагиатро гир, — китобфурӯш се дона қалами сиёҳи найиро ба рӯи пештахтаи дӯкон гузошт ва яктоашро гирифта, нешашро ба рӯи нохун монда зер кард. Ана ҳаминаш писари амак, нағз пухтагӣ барин. Ана сиёҳӣ — ду пулакчаро ба наздамон гузошт. — Давоту лиққат албатта ҳаст.
Падарам қоғаз, қалам ва сиёҳиро ҳам харида ба ман доду лекин дар бозгашт хеле фурсат хомӯш роҳ гашт.
Ба саломҳо алек медоду халос. Ба гумонам, фикру хаёл мекард, ки аз чӣ ва дар чӣ сарфакорӣ намуда, ҷои ин харҷи калонро буд кунад.
Бегоҳӣ баъди супраи шоҳ сухан боз аз харҷи онрӯза рафту падар гуфт:
— Бобохоҷа ба мо арзон дод. Меҳрубониҳои падарам аз ёдаш нарафтааст, хайрият. Одами боандешадия. Падари ҳоҷӣ Тиллохоҷа бо падарам ошноӣ дошту ҳамин писарашро чанд вақт ба пеши вай оварда монда буд, ки намедонистагиашро ёд гирад. Вай китоб мехонду падарам маънидод мекард. Ту эҳтимол надонӣ. Онҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо