Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— гуфт китобфурӯшу ба қиёфаи падарам нигариста илова намуд: — Ҳар кас маслаҳати хеш накӯ медонад, мегӯянд. Боз худатон нағзтар медонед. Хайр, ба шумо «Ҳофиз»-и коғазаш ҳарранга диҳам-мӣ? — китобфурӯш ба нӯги по истода, аз рафи баланде як китобро гирифт. Аввал пуф карда, баъд бо латта пок намуда, аз чанг тоза кард.— Мазаи савдо не, усто. Аз пагоҳ то бегоҳ се-чор китоб савдо мекунем ё не, дигараш пашша киш гуфта мешинем. Хайрият мактабдорҳо ба шогирдонашон баъзе китобҳоро менависанду ба мо мебиёранд, ки муқова карда дода, як сӯм-ним сӯм гирем. Набошад, вой бар ҳоли мо!

Китобфурӯш китобро ба дасти падарам доду ӯ варақ мезад. Ман бетоқатона интизори ба даст гирифтани вай будам. Ҳар даҳ-дувоздаҳ саҳифаи китоб тахминан аз коғази ранги дигар буд. Муқова сахт. Ҳошия ва гулҳои муқова зарду сурх, сабз буд. Падарам нархи китобро пурсид.

— Аз пули як ҷуфт кафшатон зиёд намегирам,— гуфт китобфурӯши хушсуҳан ва ногоҳ аз падар пурсид: — Аз қиблагоҳӣ китобҳои бисёр монда бошад даркор? Дониши он кас аз як мударриси кам набошад ҳам, кафшдӯзиро ихтиёр карда буданд.

— Китоб чандин токҷаҳо ҳамааш нимпутӣ,— падарам табассум намуд. — Ақаллан барои набераашон шуда як «Ҳофиз» ҳам харида монда нарафтаанд, ки пули як ҷуфт кафшро сарф накунем...

— Писар хопанду мулло шаванд, ҳамон китобҳои ба қавли шумо нимпутӣ ҳам даркор мешаванд...— китобфурӯш инро гуфту нафасе хомӯш монд ва илова намуд.— Аз афти кор, усто, мо ба ҳар чӣ, ки аз бобою бобокалонҳо монда бошад, маҳкам часпида гирифтаем. Аз замон, аз кору бори қаламравҳои дигар бехабар мемонем. Ман дар вақти ҳаҷравӣ ва гашта омадан дар Миср, Шоми шариф ва ҷойҳои дигар будам. Мардуми ҳамаи он мамлакатҳо ҳам мусулмон. Аммо хонданашон дигар. Дар мактабҳояшон илми дунявӣ — риёзиёт, ҷуғрофия, фалакиётро таълим медиҳанд. Чаро дур равем? Ҳамин мактаби русии маҳаллии худамон, ки писарони Раҳими сиёҳ, Шарифи кулӯл, дигару дигарҳо мехонанд, ҳамин тавр. Хуш, чӣ гуфтед?

— Чӣ гӯям?— гуфт падар, ки гӯё намедонист ӯ чӣ мепурсад.

пешина
аз 447
навбатӣ