Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ки дар рӯи базеби доғи нағзакдораш арақ падид меомад. Аз даруни остини ҷома, остини дарози куртаи суфи сафедашро берун кашида, бо он арақашро пок намуду ба ман нигоҳ ҳам накарда, «хез рафтем, ҳар чӣ харида диҳам, бе ғишинг-ғишинг қабул мекунӣ»— гуфт.
Ман ҳам сарамро ҷунбонда, ризоӣ додам. Мо ба дӯкони китобфурӯшии ягона, ки дар паҳлӯи ҳаммоми бозори Панҷшанбе воқеъ буд, омадем. Дар пеши дӯкони тамокую носфурӯш, тунукасоз, ҳатто патоси арзанфурӯш, ки онро барои кӯрпачай гаҳвораи кӯдак мехариданд, харидорон мечӯлиданду дар назди дӯкончаи пури китоб, ки дар он барои нишастани китобфурӯш ҷой набуд, касе наменамуд.
— Биёед, устои камдидор,— Ҳоҷӣ Бобоҷонаи саҳҳоф марди қадбаланд, ки мӯи сари расида ва абрувони баланди ба малла моилу чашмҳои кабудтоб дошт, аз сандалича бархоста, бо падарам мисли ошнои қарин вохӯрӣ намуд.— Тану ҷон сиҳат, бачаҳо, бачаҳо саломат?
— Аз худатон пурсем, эшони ҳоҷӣ, яктои аз ҳамон бачаҳо мехонад,— падар ба ман ишора намуд.— Ба «Хоҷа Ҳофиз» баромаданию ду поямро ба як мӯза тиққонда шиштааст, ки бояд китоби варақҳояш ҳарранга харида медиҳӣ.
— Ҳай-хай, чӣ қадар нағз! Охир ин бачаатон ҷудо майда менамояду аллакай ба «Ҳофиз» даромад? Ту чандсола, писари амак?
— Ҳаштсолаи нӯҳбаро,— ба ҷои ман ҷавоб дод падарам.— Аммо зеҳнаш тоза. Ҳар сол чанд китобро фаровардан гирад, намедонам чӣ мекунем.
— Ҳар чӣ бошад, хонад, усто, хонаду донад,— таъкид намуд китобфурӯш.— Дар мактаби кӣ мехонӣ, писар?
— Дар мактаби Валихон,— боз падарам ба ҷои ман ҷавоб дод.
Табиати китобфурӯш тира шуд.
— Ман мебудам, усто, агар зеҳни писаратон тоза бошаду хонондан хоҳед, ӯро ба мактаби мулло Тоҳир бурда мемондам. Бачаҳо дар замин пахолғилмон, аз ҳафтсола то ҳафтдаҳсола аралаш шишта, зоғчаҳои чакалак барин чағар-чуқур намекунанду мувофиқи синну солу дониш ҳар кадом алоҳида мехонад. Натарсед. Мулло Тоҳир пул намегирад. Валихон барин нони панҷшанбегӣ, китоб дароён, бӯръёю ангиштпулӣ ҳам талаб намекунад,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо