Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

амал напӯшид. Лоҷарам, падар бо гардани кашол ба харидани китоб рафтани шуд. Бача набошам, ҳамроҳ меравам гуфтаму нишастам. Ба миён модар даромад.
— Хайр баред, як ҳафта шаби ҷумъаю душанбе палав намехӯрдаем. Яктаю якта писаратон ҳаст, дадош. Дилҷӯю дилхоҳашро ёфта намедиҳед?
— Бачаро наёзон,— танбеҳ дод падар ба модар.— Ба пули як «Хоҷа Ҳофиз» панҷ чакса биринҷ медиҳаду ба мо ду ҳафта авқот мешавад.
— Гӯр ҳамин нафс шавад. Як-ду бор ба нафс задему камтар хӯрдем, чӣ шуд? Аз гушнагӣ кӣ мурдаасту аз серӣ кӣ кафидааст?— истодагарӣ менамуд модар.— Баред, дадош. Писаратон китоби варақҳояш ранга мехоҳад.

Аз ифшо гардидани роз хафа шудам. Аз модар ранҷидам. Дар ҳақиқат орзуи ман ҳамин буд, ки «Хоҷа Ҳофиз»-и коғазаш рангоранг дошта бошам. Дар мактабамон чанд нафар бойзодаҳо, аз он ҷумла Сайфиддин ном писари кундзеҳн ва гаранги понфурӯш Муҳаммадамин, ки Муллофахрӣ ҳаҷв карда, кафшеро аз ӯ насъя гирифта буд, ҳамин гуна Хоҷа Ҳофиз дошт. Ҳанӯз намедонам, аз чӣ сабаб буд, ки китобҳои дарсӣ дар коғазҳои омехтаи сабз, кабӯд, сурх, зард ва гулобӣ нашр мешуданд.

Падарам баъди шунидани китоби варақҳояш ранга ба китобхари ҳамроҳбариро қатъӣ рад намуд. Лекин ман ҳам ба зарбулмасали нозкун, бардорад, боз кун, амал намуда, худро ба оғӯши модар андохта, ба гиристан даромадам. Модар тохта бархост ва калид кофта сандуқчаеро кушоду бозубанди зарандудро ба падарам дароз кард.

— Ана инро гиреду ба ягон заргар фурӯшед, ба китоб ҳам мерасаду ба дигараш ҳам,— гуфт.
— Қалам ҳам даркор. Коғаз ҳам. Ман китобро ҳам мехонаму ҳам аз бар мекунам,— чун бардошт, зам кардам.
— Ана дидӣ, дили ин чӣҳо мехоҳад? Ту бошӣ бозубандатро фурӯхтанӣ. Фардо аз Ҳофиз ба Мирзобедил мегузарад. Сопӣ чӣ мегӯй? Маҳратро медиҳӣ?
— Бача душмани ширин. Гиреду бурда фурӯшед,— такрор намуд модар.

Падарам аз ин рафтори модарам дар хиҷолат шуд. Медидам,

пешина
аз 447
навбатӣ